Мирзиёев қарори таъсиси ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистонро имзо кард

Бо қарори президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев созишномаи байниҳукуматӣ бо Тоҷикистон дар бораи таъсиси ширкати саромоягузории муштарак байни кишварҳо, ки 10 июн дар Душанбе ба имзо расида буд, тасдиқ шуд, хабар медиҳад портали ҳуқуқии «Norma.uz». Мувофиқи созишнома, мақоми ваколатдори татбиқи шартномаи байнулмилалӣ Фонди таҷдиду рушди Ӯзбекистон муайян шудааст. Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шакли ҶДММ бо […]

Бо қарори президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев созишномаи байниҳукуматӣ бо Тоҷикистон дар бораи таъсиси ширкати саромоягузории муштарак байни кишварҳо, ки 10 июн дар Душанбе ба имзо расида буд, тасдиқ шуд, хабар медиҳад портали ҳуқуқии «Norma.uz».

Мувофиқи созишнома, мақоми ваколатдори татбиқи шартномаи байнулмилалӣ Фонди таҷдиду рушди Ӯзбекистон муайян шудааст.

Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шакли ҶДММ бо сармояи оинномавии ибтидоии 12 млн доллар бо марҳила ба марҳила то 50 млн доллар расонидани он таъсис дода мешавад.

Ҳиссаи Фонди таҷдиду рушд дар ташаккули сармояи оинномавии он 75 фоиз ва ҳиссаи “Тоҷинвест” – 25 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳадафи ширкати сармоягузорӣ маблағгузории лоиҳаҳои муштарак дар қаламрави Тоҷикистон аст.

Фаъолияти асосии он сармоягузорӣ тавассути хариди саҳмияҳо дар сармояи оинномавии субъектҳои хоҷагидории мавҷуда ва навтаъсис, ҷудо кардани қарз, барориши коғазҳои қиматнок, инчунин фурӯши ҳиссаҳои ширкати сармоягузорӣ дар сармояи оинномавии субъектҳо ба сармоягузорони тоҷику ӯзбек унвон мешавад.

Илова бар ин, ҳамкорӣ дар самти сармоягузорӣ бо созмонҳои байналмилалии сармоягузорӣ ва молиявӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ҳамоҳангсозии ҳамкории сармоягузорӣ бо онҳо, инчунин дастгирӣ ва мусоидат дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ низ пешбинӣ шудааст.

Ҷустуҷӯ ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ барои афзоиши ҳайати иштирокчиёни он ва ҷудо кардани маблағ ба бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон бар асоси тиҷоратӣ яке аз самтҳои алоҳидаи фаъолияти ширкат зикр шудааст.

Ёдрас мекунем, ки созишнома дар бораи таъсиси ширкати самоягузории муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон дар доираи сафари расмии президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон рӯзҳои 10-11 июн ба имзо расида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.