Баррасии вазъи Афғонистон дар гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Реҷеп Тайип Эрдоган

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9 сентябр бо президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган суҳбати телефонӣ анҷом дод. Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар рафти суҳбат сарвари кишвари Туркия президент ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Иди давлатӣ – 30-солагии истиқлолият самимона табрик намуда, дастовардҳои бузурги кишварро тули солҳои соҳибистиқлолӣ дар роҳи рушди иҷтимоиву […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9 сентябр бо президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар рафти суҳбат сарвари кишвари Туркия президент ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Иди давлатӣ – 30-солагии истиқлолият самимона табрик намуда, дастовардҳои бузурги кишварро тули солҳои соҳибистиқлолӣ дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими нақши созанда дар ҳалли масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ таъкид намуд.

Дар ин зимн масъалаҳои муҳими вобаста ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни Тоҷикистон ва Туркия, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангию башарӣ, таъмини амният ва муборизаи муштарак бо таҳдиду ҷолишҳои ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо аз сатҳу муҳтавои ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар ибрози қаноатмандӣ намуданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ба равандҳои изтиробангези рушди авзоъ дар Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Зимни баррасии мушкилоти Афғонистон президентҳо ҳамсон ё наздик будани мавқеи Тоҷикистон ва Туркияро нисбати масъалаҳои мубрами он таъкид карда, дар кишвар таъсис додани як ҳукумати фарогирро бо иштироки намояндагони ҳамаи қавмҳои сокини он амри зарурӣ донистанд ва ба зарурати расонидани кӯмаки гуманитарӣ ба мардуми Афғонистон ишора карданд.

Ҳамчунин, дигар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.

Дар фарҷоми суҳбат ҷонибҳо аҳамияти идомаи тамосҳои мунтазами сатҳи олиро ҷиҳати пешбурди самараноки тамоми маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба таъкид карда, ба мувофиқа расиданд, ки Президенти Ҷумҳурии Туркия ба қадри ба эътидол омадани вазъи вобаста ба ҳамагирии КОВИД-19 дар аввалин фурсати муносиб ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом хоҳад дод.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.