Ба муносибати нишасти СҲШ дар Душанбе 7 млн бех гул шинонида шуд

Date:

Ба муносибати нишасти ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай пойтахти Тоҷикистон ба як гулгаште табдил ёфта, дар шаҳр ҳудуди 7 млн бех гул шинонида шуд.

Барои таҳияи лоиҳаи тарроҳии манзаравӣ бо роҳбарии муовини раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода гурӯҳи махсус таъсис дода шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз шаҳрдории пойтахт хабар дод, ҳайати ин гурӯҳ аз тарроҳон, меъморон ва гулпарварони шинохтаи тоҷик иборат буд.

Лоиҳаи бо гулҳо зебу ороиш додани пойтахт шахсан аз ҷониби раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ тасдиқ шуда буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Имрӯз кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанберо лолаву гули довудӣ (хризантема), бегония, карнайчагул (петуния) ва салвия зебу зинат медиҳанд. Ҳамаи гулҳо дар парваришхонаҳои шаҳр барои шинонидан тайёр шудаанд.

Аз посух ба савол дар бораи аз буҷети шаҳр чӣ миқдор маблағ масраф шудан барои ин корҳо манбаъ худдорӣ варзид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...