Эмомалӣ Раҳмон аз СММ хостори кумак ба Панҷшер шуд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи роҳбарони СҲШ аз вазъи Афғонистон, махсусан вилояти Панҷшер бори дигар изҳори нагаронӣ намуд ва гуфт, ки чандин маротиба аз созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дархост кардааст, ки ба ин кишвар, махсусан, ба вилояти Панҷшер кӯмак кунанд. 

Ӯ гуфт, Панҷшер чанд вақт аст, ки дар муҳосираи комил аст ва “Толибон”-ро ба бастани роҳи кӯмакҳои башардӯстона ба ин дара гунаҳкор намуд. 

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, гурӯҳи Толибон талош дорад як ҳукумати султаталабро ташкил кунад.

– Низоми сиёсӣ дар Афғонистон бояд бар асоси майли мардум бошад, бидуни ягон дахолат аз ягон кишвар ва дикта кардани навъи сохтори сиёсӣ. Бидуни ҳузури ҳамаи гурӯҳҳо ташкил кардани ҳукумат дар Афғонистон метавонад вазъиятро бадтар кунад. Бинобар ин дар назар бигирем, ки ҳаққи мардуми Афғонистон аст, ки ҳукуматро таъин кунанд, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Нигаронии тунди Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки дирӯз, 16 сентябр ҳам ӯ “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ)-ро танқид карда, онҳоро ба ваъдахилофӣ дар бораи ташкили ҳукумати фарогир бо иштироки васеи дигар неруҳои сиёсӣ ва қавмҳои этникӣ дар ин кишвар гунаҳкор намуда буд.

Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, ҳамчунин аз вазъи дараи Панҷшер ёдоварӣ карда, гуфт, аҳвол дар онҷо бадтар аз он аст, ки дар расонаҳо менависанд.

– Мувофиқи маълумоте, ки ҳар рӯз аз манотиқи мухталифи Афғонистон ба мо мерасанд, вазъи воқеӣ дар маҳал комилан дигар аст, он чанд маротиба бадтар аз онест, ки дар расонаҳо инъикос карда мешавад. Мо инро дар мисоли Панҷшер возеҳ дида метавонем, – афзуд ӯ.

Беш аз  як моҳ мешавад, ки “Толибон” Афғонистонро тасарруф кардаанд. Ягона минтақае ки то ба ҳол зери тасарруфи Толибон нест,  дараи Панҷшер аст. Дар онҷо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо роҳбарии Аҳмад Масъуд – писари Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ташкил шудааст.  “Толибон” баъди ҳамла ба Панҷшер эълом карданд, ки ин вилояти Панҷшерро комилан тасарруф кардаанд. Аммо Нерӯҳои муқовимати миллӣ мегӯянд, ки Панҷшер ба сурати комил суқут накардааст ва муқовимат идома дорад.

Бо гузашти беш аз як моҳ Толибон то ҳол ҳукумати расмии худро эълон накардаанд. Бо ин вуҷуд онҳо чанд рӯз пеш ҳайати ҳукумати худро эълон карданд. Вале кишварҳои ҷаҳон дар шинохт ва эътирофи “Толибон” шитобкорӣ намекунанд. Онҳо “Толибон”-ро барои нақзи ҳуқуқи инсон ва дигар ҷиноятҳо гунаҳкор медонанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...