Истиқболи “Диссернет” аз қарори Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди олим шудани мансабдорон

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Пойгоҳи таҳқиқии “Диссернет”, ки мавридҳои асардуздии олимонро дар рисолаҳои илмӣ месанҷад, аз қарори раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди бе розигии ӯ ба корҳои илмӣ даст назадан ва олим нашудани мансабдорони тоҷик истиқбол намуда, гуфтааст, дар татбиқи амр саҳми пойгоҳ кам нест.

"Диссернет" менависад, ин пойгоҳ, ки фаъолияташ ба ифшои асардуздии (сирқати илм) олимон бахшида шудааст, чандин маротиба мансабдорони Тоҷикистонро барои бо роҳи қаллобӣ ба даст овардани унвони илмӣ муттаҳам кардааст.

Амри президент дар бораи баъди иҷозаи раисиҷумҳур ба таҳқиқи илмӣ сару кор гирифтани мансабдорон ва хидматчиёни давлатии Тоҷикистон 27 августи соли 2021 имзо шуд.

Тибқи амри президент, ҳамаи мансабдорони сатҳи болоӣ, сар карда аз сарвазир, муовинони он, вазирон, раисони кумитаҳо, агентиҳо, хадамот, саридораҳо, раиси Дастгоҳи иҷроияи президент ва муовинонаш, ёрдамчиёни президент, раисони ҳарду палатаи парлумон, муовинони онҳо, вакилон, сафирон, намояндагони доимии Тоҷикистон дар созмонҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ, раис, муовин ва аъзоёни КМИР (кумитаи марказии интихоботу раъйпурсӣ), Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, муовинони ӯ ва ҳамчунин, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Тоҷикистон, судяҳо, роҳбарони мақомоти қудратӣ, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки пеш аз ҳимояи дисертатсия аз президенти Тоҷикистон иҷоза гиранд.

64 олими тоҷик дар рӯйхати "Диссернет"

Ин пойгоҳ рӯйхати ҳамаи корҳои илмии олимони тоҷикро, ки ба асардуздӣ даст задаанд нашр намудааст, ки дар байни онҳо мансабдорон низ кам нестанд. Шумораи олимони тоҷике ки ба асардуздӣ даст задаанд, 64 нафарро ташкил медиҳад. Аз ҷумла Давлаталӣ Саидзода муовини сарвазири Тоҷикистон, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода сафири Тоҷикистон дар Русия, Асадулло Раҳмон мушовири Эмомалӣ Раҳмон дар умури кадр, бархе вазирону ректорони донишгоҳҳо ва чанде дигар аз мансабдорони радаҳои поёнӣ низ буданд.

Масъалаи асардуздии мансабдорон дар яке аз мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон бо олимону зиёиёни тоҷик низ дар соли 2020 мавриди танқид қарор гирифт ва ӯ ҳатто гуфт, ки "ҳар касе кори илмӣ мехоҳад, ҷавоб медиҳем, рафта кори илмӣ кунад".

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “ин ба он маъно аст, ки баъзе унвонҷӯёни тоҷик роҳи осон ва камзаҳмати илмро пеш гирифта, аз рисолаҳои илмии олимони кишварҳои хориҷӣ васеъ истифода кардаанд”.

Пойгоҳи “Диссернет” як пойгоҳи мустақили таҳқиқотии интернетиест, ки мавридҳои асардуздӣ дар рисолаҳоеро, ки дар КОА-и Русия дифоъ шудаанд, месанҷад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...