Навбати занон? Занони тоҷику қирғизи деҳаҳои наздимарзӣ мехоҳанд кумита ташкил кунанд

Ҳалим Ҷураев, Asia-Plus

Баъди муноқишаи хонандагони мактаб дар деҳаҳои наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон бегоҳии 24 сентябр занони тоҷик ва қирғиз ба ҳам вохӯрда хостори сулҳ тва оштӣ шуданд.

Яке аз занони фаъоли ҷамоати Чоркӯҳ Восидахон Ҷалолова, ки дар мулоқот ширкат дошт, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, дар вохӯрӣ ҳудуди 100 нафар занон аз ҳарду кишвар ширкат намуданд ва ба хулосае омданд, ки аз  ҳисоби намояндагони ҳарду кишвар Кумитаи занони фаъол ташкил гардад.

“Занони қирғиз пешниҳод карданд, ки ба ҳамдигар нафрат накунем, чун тоҷику қирғиз дар ин деҳа аз як кӯча мегузаранд. Бачаҳоро тарбия кунем ва байнашон дигар ҷангу нофаҳмӣ нашавад. Мо ҳам ба онҳо гуфтем, шумо низ бачаҳоро тарбия кунед, дигар нофаҳмиву занозанӣ накунанд, ба касе фоида намеорад”, – гуфт Ҷалолова.

Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кардаст, ки Кумитаи занони фаъоли дар шумули панҷ нафарӣ аз ду ҷониб ташкил гардад.

“Мақсад ин аст, ки баъзе муаммоҳоро шинему ҳамҷоя ҳал кунем. Эҳтимол аз рӯзи душанбе ин гурӯҳ сари музокирот менишинанд ва муаммоҳоро баррасӣ мекунем”, – илова кард ӯ.

“Пеши роҳи хонандаҳоро гирифта заданд”

Занозании хонандагони тоҷику қирғиз, ки нимаи рӯзи 24-уми сентябр рух дод аз ду ҷониб чанд нафарӣ захмӣ ба ҷой гузошта то ба сангандозӣ кашида шудааст.

Камолиддин Собиров, директори мактаби рақами 64- и деҳаи Сомониён гуфт, тақрибан соатҳои  12:00, вақте хонандагони тоҷик барои басти дуюми таҳсил ба мактаб меомаданд, хонандагони қирғиз ба онҳо ҳамла кардаанд.

Ӯ гуфт вақте хонандагони синфҳои 10-11 тоҷик ба онҳо посухи ҷавобӣ медиҳанд қирғизҳои калонсол низ ба занозанӣ ҳамроҳ шуда, ба сӯйи духтарону писарон сангандозӣ кардаанд.

“Дар натиҷа, ду хонандаи тоҷик Орипов Шукрулло ва Маҳкамов Ривоҷиддин ҷароҳат бардоштанд. Вақте сокини 31 солаи деҳаи Сомониён Ҷӯрабек Насриддинов мехоҳад муноқишаро ором кунад,  ӯро ҳам ҳамроҳи зан ва ду фарзандаш  дар хонааш латукӯб мекунанд. Дар натиҷа, ҳамлаи қирғизҳо ӯ аз сараш осеб гирифта,  бинияш шикастааст ва ҳоло дар беморхона ҳамроҳи фарзандонаш бистарӣ мебошад, – гуфт директори мактаб.

Баъди ин ҳодиса, нисфирӯзии 23-уми сентябр ҳокими вилояти Бодканди Қирғизистон Учкунбек Жоробаев бо раиси шаҳри Исфараи Тоҷикистон Баҳоваддин Баҳодурзода дар хатти марзии деҳаи Оқсой мулоқот карданд. Ҷониби Тоҷикистон то ҳол расман дар ин бора чизе нагуфтааст. Аммо ба иттилоъи хабаргузории қирғизии Turmush дар ин  мулоқот ҷонибҳо вазъи иҷтимоию сиёсии минтақаҳои наздисарҳадӣ ва масъалаҳои пешгирии низоъро баррасӣ кардаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...