Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба арҷгузории забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ даъват намуд

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон мардуми ҷумҳуриро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола 5 октябр ҷашн гирифта мешавад, табрику таҳният гуфт.

Дар паёми шодбошии худ ба ин муносибат сарвари давлат изҳор мекунад, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ шоҳиди дигаргуниҳои бузургу бесобиқа дар тамоми самтҳои ҳаёт, аз ҷумла дар татбиқи сиёсати давлатии забон, яъне пешрафти он ва ба таври куллӣ вусъат гирифтани доираи истифодаи забони шоиронаи тоҷикӣ гардидаанд.

Ӯ хотиррасон намуд, ки забон ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллӣ буда, чун ҷисми зинда барои афзудани тавонмандии худ ба ғамхориву пуштибонии пайвастаи давлату ҷомеа ниёз дорад.

“Ман қариб дар ҳамаи суханрониву вохӯриҳои худ таъкид месозам, ки бузургтарин вазифаи ҳар як фарди худогоҳи кишвар нигаҳдориву арҷгузорӣ ба ин мероси гаронбаҳо ва ба наслҳои оянда поку беолоиш расонидани забони ширину шево ва забони шеъру адаби оламшумули тоҷикӣ мебошад”, – зикр мешавад дар паёми шодбошии президент.

Президенти мамлакат таъкид дошт, ки халқи тоҷик бояд дар ёд дошта бошад, ки сарчашма ва пойдевори худогоҳиву худшиносӣ забони модарӣ аст ва маҳз забони миллӣ тафаккури миллиро ташаккул медиҳад.

“Аз ин рӯ, мо забони модарии худро дӯст медорем, ба он эҳтирому арҷи бепоён мегузорем, зеро забон ганҷи бебаҳои мероси фарҳангӣ ва аз ҷумлаи олитарин муқаддасоти миллии мо ба шумор меравад”, -мегӯяд президент.

Сарвари давлат инчунин зикр кард, ки донистани якчанд забон имрӯз ҳама қишрҳои ҷомеа, махсусан, насли наврасу ҷавонро водор месозад, ки дар баробари аъло донистани забони давлати худ, яъне тоҷикӣ, донандаи хуби дигар забонҳо низ бошанд.

“Дар робита ба ин, ман борҳо таъкид кардаам, ки забономӯзӣ бояд дар доира ва заминаи забони тоҷикӣ, яъне бар пояи меъёрҳои забони модарӣ ва риояи хусусиятҳои он ҷараён гирад”, – изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Зикр шуд, ки аз ин рӯ, вазифаи муқаддаси насли имрӯза дар он зоҳир мегардад, ки барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ кӯшиш намуда, забондонии хешро пайваста сайқал диҳад ва онро чун гавҳараки чашм пос дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...