Оё мошинҳои ӯзбекӣ ҷойи “Opel”- ро дар Тоҷикистон мегиранд?

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Ҳудуди чор сол аст, ки мошинҳои истеҳсоли “UzAuto Motors”- и Ӯзбекистон дар Тоҷикистон фурӯхта мешаванд ва қарор аст як корхонаи муштарак ҳам дар Душанбе сохта шавад. Мо хостем донем, ки дар кишвар талабот ба кадом мошинҳои ӯзбекӣ бештар аст ва чаро.

Кадом мошинҳо дар фурӯшанд ва чӣ қадар нарх доранд?

Ширкати ҶДММ “LESINVEST” фурӯш ва хизматрасонии мошинҳои истеҳсоли “UzAuto Motors” – ро дар Тоҷикистон ба уҳда дорад. Роҳбари ширкат Алиҷон Сулаймонов мегӯяд, арзиши мошинҳои ин ширкат дар Душанбе вобаста ба навъи онҳо, аз 124 то 160 ҳазор сомонӣ нарх доранд.

“Ҳоло чор маркаи автомошинаи “Chevrolet”-и истеҳсоли Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ба фурӯш гузошта шудааст: Spark, Cobalt, Nexia ва Lacetti. Талабот ба Lacetti камтар аст, аз ҳамин сабаб ин маркаи мошинро тариқи фармоиш ворид мекунем”, – гуфт Сулаймонов.

Нархи мошинҳо вобаста ба навъ ва намудашон чунин аст:

Роҳбари ширкат мегӯяд талаботи тоҷикистониён ба мошинҳои “UzAuto Motors” ба арзон будани нархи онҳо рабт дорад.

“Мардум ҳам нақдӣ ва ҳам тавассути қарзи бонкӣ мошинҳои моро мехаранд. Ҳастанд  онҳое, ки якбора даҳ мошин хариданд”,- қайд кард Алиҷон Сулаймонов.

Каммасраф ва нав

Масъулини ширкат мегӯянд, яке аз бартариятҳои асосии мошинҳои онҳо дар муқоиса бо дигар автомобилҳо дар Тоҷикистон, махсусан “Opel”, ки имрӯз дар Тоҷикистон серхаридор аст, дар каммасраф ва нав будани онҳо аст.

“Мошинҳое, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳастанд, куҳна ва таъмирталаб мебошанд. Мошинҳои нави “Opel” аз 15 ҳазор евро кам нестанд. Мошинҳои мо аз завод рост ба Тоҷикистон меоянд ва ҳудуди  12 ҳазор доллар нарх доранд, ки барои мардум дастрас аст”,- шарҳ дод Сулаймонов.

Ба гуфтаи ӯ, бештари харидорони онҳо корхонаҳои алоҳида, тоҷирон ва ронандагони таксӣ мебошанд. Корхонаҳо барои ҳуҷҷатгузории қонунӣ, тоҷирон барои ба дигар ронандагон ба иҷора додан ва ронандагони таксӣ ба хотири иваз карадани мошинҳои куҳнаашон, ки дигар иҷозат дода намешавад, мошинҳои онҳоро мехаранд

“Вақте шахс дар бозор мошин мехарад, баъди гирифтани шартномаву маблағ дигар фурӯшандаро намебинад ва таъмири мошин ба дӯши харидор аст. Мо ба мошинҳои аз мо харидоришуда кафолат медиҳем ва муддати муайян хизматрасонии техникии ройгон пешниҳод мекунем”,- гуфт роҳбари ширкат.

Ширкат нақша дорад, ки шабакаи дилериро дар кишвар рушд диҳад ва барномаҳои қулайи қарзиро дар якҷоягӣ бо бонкҳои Тоҷикистон роҳандозӣ кунад.

Аз арзонӣ то мушкили дарёфти қисмҳои эҳтиётӣ

Комрон Наҷмиддинов яке аз тоҷироне аст, ки ҳудуди 4 моҳ пеш 10 мошини истеҳсоли ширкати “UzAuto Motors” – ро дар Тоҷикистон бо нархи 12 ҳазордолларӣ харидорӣ намуда, ба ронандагони ширкатҳои хизматрасонии таксӣ ба иҷора додааст Ӯ мегӯяд, нав ва нисбатан арзон будан  аз бартариятҳои асосии ин мошинҳо ҳастанд.

“Гап сари дастрасии нархашон аст, мо ба 11-12 ҳазор додлар аз дигар ширкатҳо мошинҳои истеҳоли 2020-2021 намеёбем. Ширкатҳои таксӣ бошанд мошинҳои куҳнаро қабул намекунанд. Ҳамчунин, сифати хуб доранд ва каммасраф медошанд: барои 100 км 7-8  литр бензин сарф мешавад”, – мегӯяд тоҷир.

Ба гуфтаи ӯ, ягона мушкил ин дарёфти қисмҳои эҳтиётии онҳо дар Тоҷикистон аст.

“Чун мошинҳо нав ҳастанд, қисмҳои эҳтиётиашон дар бозорҳо дастрас нестанд. Аз ин рӯ аз худи ширкат фармоиш бояд дод, то онҳо дастрас кунанд”, – таъкид дошт Комрон.

Корхонаи муштарак кай бунёд мешавад?

Дар доираи аввалин Форуми сармоягузории байниминтақавии Тоҷикистону Ӯзбекистон 9 июн дар Бохтар созишномаи таъсиси корхонаи муштарак байни ҶСК “Алюминсохтмон”-и Тоҷикистон ва ҶДММ “"Avtosanoat invest" – и Ӯзбекистон ба имзо расида буд.

Ба гуфтаи масъулини ҶСК “Алюминсохтмон”-и Тоҷикистон сохтмони корхонаи муштараки «Auto Motors Tajikistan» дар шаҳри Душабе ба нақша гирифта шудааст ва ба зудӣ оғоз мешавад.

“Баъзе масъалаҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва маблағгузорӣ боқӣ мондааст, ки дар наздиктарин фурсат бояд ҳалли худро ёбад ва сохтмони корхона  шурӯъ шавад”, – хабар дод намояндаи ширкат.

Мувофиқи маълумотҳо, иқтидори корхона дар марҳилаи аввал истеҳсоли 10 ҳазор автомашина дар як сол ва дар оянда то 35 ҳазор ададро ташкил хоҳад дод. Арзиши лоиҳа 2 миллион доллар арзёбӣ мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...