Шумори қурбониёни коронавирус дар ҷаҳон ба зиёда аз 5 млн нафар расид

Asia-Plus

Шумори қурбониёни коронавирус дар ҷаҳон ба зиёда аз 5 млн нафар расида, дар ҳамин ҳол, нисфи онҳо дар муддати камтар аз ҳашт моҳ фавтидаанд, хабар медиҳад Reuters.

Мувофиқи таҳлили хабаргузорӣ, ҳолатҳои марг аз коронавирус бо гузашти каме бештар аз як сол аз оғози пандемия ба 2,5 млн нафар расида, боз 2,5 млн нафари дигар дар муддати камтар аз ҳашт моҳ фавтидаанд.

Тибқи ҳисоби Reuters, беш аз нисфи маргҳо аз коронавирус дар саросари дунё, ки ба ҳисоби миёни давоми як ҳафта сабт шудааст, ба ИМА, Русия, Бразилия, Мексика ва Ҳиндустон рост меояд. Дар ҳамин ҳол, афзоиши сартосарӣ (глобалӣ)-и сатҳи  маргумир тайи ҳафтаҳои охир кам шудаст, менависад хабаргузорӣ.

Тайи ҳафтаи ахир дар саросари ҷаҳон ба ҳисоби миёна 8 ҳазор ҳолати марг ё худ 5 марг дар ҳар як дақиқа ба қайд гирифта шудааст. Лекин давоми ҳафтаҳои ахир сатҳи глобалии маргу мир поин рафтааст.

Гуфта мешавад, сатҳи баландтарини марг дар Африқои Ҷанубӣ сабт шудааст, ки 21% аз ҳамаи ҳолати марги сабтшуда ба он рост меояд. Дар идома Амрикои Шимолӣ ва Аврупои Шарқӣ қарор доранд, ки ба онҳо зиёда аз 14% аз ҳамаи маргҳо рост меояд.

Дар ҷаҳон штамми бештар сироятноки делта коронавирус бартарият дорад, ки ба он бахусус шахсони аз ваксинагирӣ дурмонда осебпазиранд. Варианти Делта айни замон аз 194 кишвари узви Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар 187 кишвар ба қайд гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...