Вакилони парлумони Фаронса аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳимоят карданд

Asia-Plus

Дирӯз, 6 октябр дар нишасти вижае дар порлумони Фаронса бархе аз вакилон ваъда кардаанд, ки аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ки дар раъси он Аҳмад Масъуд қарор дорад, ҳимоят хоҳанд кард.

Дар ин бора масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ Алӣ Майсам Назарӣ дар саҳифаи “Твитер”- и худ хабар додааст.

Мавсуф менависад, ки дар ин ҷаласа перомуни Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва вазъияти Афғонистон мубодилаи афкор сурат гирифт ва дар он муовини раиси порлумон ва 15 вакил ширкат доштанд.

“Ҳамаи онҳо ваъда супурданд, ки порлумони Фаронса аз муборизаи Ҷабҳаи муҷовимати миллии Афғонистон ва раҳбари он Аҳмад Масъуд барои озодӣ ва демократия дар Афғонистон ҳимоят хоҳанд кард”, – навиштааст Алӣ Майсам Назарӣ.

Дар бораи баргузори ҷаласа, ҳамчунин яке аз вакилони парлумони Фаронса бо номи Eric Ciooti низ дар саҳифаи “Твитер” – аш хабар додааст. Ӯ Алӣ Назарӣ Майсамро ба маҷлис пазироӣ кардааст

 

 

Ҳимояи бархе аз вакилони парлумони Фаронса дар ҳолест, ки бо даъвати раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон рӯзи 13 октябри соли равон раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари расмӣ ба Фаронса меравад.

Аз ин пештар, Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи  Эммануэл Макрон зимни суҳбати телефонӣ мушкилоти Афғонистон ва рушди кунунии вазъи буҳронии ин кишварро марвиди баррасӣ қарор дода буданд.

“Зимни суҳбати телефонӣ ҳарду роҳбарони давлат вобаста ба вазъ дар Афғонистон нигаронии амиқ зоҳир карда, роҷеъ ба ҳолати паноҳандагони афғон ва инчунин, оқибатҳои ба сари ҳокимият омадани “Толибон” дар Кобул табодули афкор намуданд”, навишта буданд расонаҳои Фаронса.

Президенти Тоҷикистон ба президенти Фаронса дар бораи чораҳои андешидаи ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими амнияти сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дар робита ба якбора бад шудани вазъ дар Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои эътилоф аз ин кишвар маълумот дод.

Ҳоло маълум нест, ки дар сафари худ Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Фаронса ва ё парлумони он масъалаи вазъи Афғонистон ва кӯмак ба дараи Панҷшер, ягона минтақае, ки то ҳол зери тасарруфи “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) нагузаштааст, баррасӣ мекунад ё не. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...