Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистониёнро бо ҷашни Меҳргон табрик кард

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шаҳрвнадони кишварро бо ҷашни бостонии Меҳргон табрику таҳният гуфт.

Дар паёми шодбошии сарвари давлат ба муносибати ин ҷашн зикр мешавад, ки Меҳргон ҷашни тирамоҳии сол ба шумор рафта, он ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор мегардид ва ба ин васила ба пайванди инсон ва табиат арҷ гузошта мешуд.

“Меҳргон на танҳо ҷашни фаровонии дастранҷи кишоварзону боғдорон ва файзу баракати хонадони мардум аст, балки рамзи унсурҳои неки маънавию фарҳангӣ низ ба шумор меравад”, – омадааст дар паём.

Гуфта мешавад, соли ҳафтум аст, ки Тоҷикистон ҷашни Меҳргонро дар фазои соҳибистиқлолии мамлакат таҷлил намуда, онро ба қатори ҷашнҳои расмӣ ба қонунгузории кишвар ворид кардаааст.

“Дар сатҳи давлатӣ таҷлил намудани Меҳргон пайванди моро бо решаҳои бостонии миллиамон тақвият бахшид ва боиси болоравии худшиносиву худогоҳии мардуми мо, аз ҷумла наврасону ҷавонон гардид, зеро Меҳргон рамзи ваҳдати инсонҳо, намунае аз ахлоқи баландтарини инсонӣ, меҳрварзиву накӯкорӣ, ватандӯстӣ ва адолатпарварӣ ба шумор меравад”, – таъкид мешавад дар паёми сарвари давлат.

Ёдрас мекунем, ки Иди ҳосил – ҷашни Меҳргон дар Душанбе 17 октябр Дар Боғи фарҳангу истироҳати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ таҷлил мегардад.

Дар доираи иди тирамоҳ фестивал ва намоиш фурӯши асал, маҳсулоти кишоварзӣ, техникаи кишоварзӣ ва биринҷ доир гардида, деҳқонон аз тамоми гӯшаву канори кишвар маҳсулоти худро пешкаш мекунанд.

Сокинон ва меҳмонони пойтахт аз намоишгоҳ бо нархҳои дастрас асали кӯҳӣ, навъҳои гуногуни биринҷ, равғани хушсифат, сабзавоту меваи тару тоза харида метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...