Mastercard боз як панҷсола дар Тоҷикистон боқӣ мемонад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) фаъолияти воҳиди яке аз низоми пешрафтаи пардохтии кортҳои бонкӣ – Mastercard-ро тамдид кард.

Ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, бо қарори Раёсати Бонки миллӣ аз 12 октябри соли 2021, Mastercard Europe SA барои кор дар бозори пардохти ҷумҳурӣ ба муҳалти 5 сол иҷозатнома гирифт.

Дар маълумот зикр мегардад, ки иҷозатномаи пешинаи ба ин низоми пардохт дар соли 2018 додашуда аз эътибор соқит гардидаааст.

Зимнан идораи низоми пардохт вазифадор карда шудааст, ки сабти дахлдорро дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ ворид намояд.

Mastercard низоми байнулмилалии пардохт мебошад, ки дар 210 кишвар ва қаламравҳои саросари ҷаҳон 22 ҳазор воҳиди корӣ дорад. Қароргоҳи корпоратсия дар Ню-Йорк воқеъ аст.

Mastercard дар баробари Visa ва China Union Pay яке аз се бузургтарин низомҳои пардохти ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

Аммо дар Тоҷикистон ба кортҳои корпоратсияи мазкур танҳо дар як бонк – “Халиқ бонк Тоҷикистон” хидматрасонӣ анҷом дода мешавад.

Дар БМТ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки бо тамдиди муҳлати фаъолият Mastercard Europe SA ният дорад, ки ба кораш дар ҷумҳурӣ тавсеа бахшад.

Зикр шуд, ки айни замон ҷиҳати роҳандозии фаъолияти муштарак бо “Спитамен Бонк” гуфтушунидҳо ҷараён дошта, инчунин имзои созишнома бо дигар бонкҳои кишвар дар назар аст.

Дар Феҳристи операторони низомҳои пардохти БМТ айни замон 16 ширкат қарор доранд.

Тибқи маълумоти БМТ, феълан аз ҷониби ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон кортҳои пардохти Низоми милии пардохти “Корти миллӣ”, низомҳои байнулмлалии пардохти VISA ва Mastercard, кортҳои кобейҷингии (кортҳои муштарак)-и низомҳои пардохти UnionPay ва НМП “Корти миллӣ”, кортҳои пардохтии низомҳои дохилии ташкилотҳои қарзии молиявӣ нашр ва ба муомилот бароварда мешаванд.

То 1 июли соли 2021 шумори умумии кортҳои пардохтии бонкии дар муомилот қарордошта 3 млн 750 ҳазор ададро ташкил медиҳад, ки 42% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Ҳиссаи кортҳои пардохтии Mastercard дар бозори Тоҷикистон ҳамагӣ 0,4%-ро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...