Авф ба Бузургмеҳр Ёров ҳам татбиқ шуд. Аз ҳукмаш 4 сол кам гардид

Asia-Plus

Тибқи қонуни авфи моҳи сентябр муҳлати ҳабси вакили дифои зиндонии тоҷик Бузургмеҳр Ёров чаҳор соли дигар кам карда шуд. Дар ин бора хоҳари Бузургмеҳр – Хосият Ёрова ба “Азия – Плюс” хабар дод.

Ӯ гуфт, роҳбарияти зиндон хабари кам кардани муҳлати ҳабсро рӯзи 13 октябр ба Бузургмеҳр Ёров расонидаанд.

“Бо дарназардошти авфи охир, афви соли 2019 (6,5 сол аз ҷазояш кам шуда буд) ва 6 соли дар маҳбас нишастанаш, 11 солу 6 моҳи дигари ҳукм мондааст”,- гуфт Ёрова.

Адвокат Бузургмеҳр Ёров, ки соли 2015 ба ҳимояи ҳуқуқии 13 узви раёсати олии ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ шурӯъ кард, тирамоҳи ҳамон сол ба гумони даст доштан дар қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо ба ҳабс гирифта шуд. Суди шаҳри Душанбе моҳи октябри соли 2016 Бузургмеҳр Ёровро ба 23 соли зиндон маҳкум кард.

Моҳи марти соли 2017 Суди олии Тоҷикистон Ёровро барои «беэҳтиромӣ нисбати суд» зимни суханрониаш ҳангоми баррасии парвандаи якум боз ба 2 соли дигари зиндон маҳкум кард. Баъдан нисбати Бузургмеҳр Ёров боз ду парвандаи ҷиноӣ – ба гумони қаллобӣ ва таҳқири Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон боз шуд. Ҳамин тариқ, муҳлати умумии ҷазои адвокат Бузургмеҳр Ёров акнун 28 соли зиндонро ташкил медиҳад.

Бузургмеҳр Ёров ва наздиконаш ҳеч гоҳ иттиҳомҳои эълонкардаи мақомотро эътироф накардаанд ва мегӯянд, парванда ангезаҳои сиёсӣ дорад. Ёров ва наздиконаш пештар гуфтанд, боздошти адвокати шинохта фақат ба хотири ҳимояти ӯ аз ҳуқуқи аъзои Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ буд.

Созмонҳои ҳуқуқи башар ҳабси Ёровро дорои ангезаҳои сиёсӣ хонда, борҳо аз Тоҷикистон хоста буданд, ӯро аз зиндон раҳо кунад. Cозмони Милали Муттаҳид айбномаи ӯро беасос номидааст.

Бузургмеҳр Ёров 50-сола ва фориғуттаҳсили факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон аст. Дар оғоз муфаттиши Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Душанбе буд. Аз соли 1998 ба ин тараф ҳамчун вакили мудофеъ фаъолият дошт ва пеш аз ҳабс иттифоқи адвокатии “Сипар”-ро роҳбарӣ мекард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...