Муовини раиси ҲСДТ камкунии муҳлати ҷазояшро напазируфт

Радиои Озодӣ

Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Маҳмурод Одинаев, ки ба 14 соли зиндон маҳкум шудааст, пешниҳоди татбиқи афвро напазируфта, озодияшро аз маҳбас талаб кардааст, хабар медиҳад Радиои Озодӣ. Мақомоти гуфтаанд, муҳлати ҷазои Одинаев мутобиқи қонуни авф ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ 3 сол кам шудааст.

Суди ноҳияи Рӯдакӣ 28 январ Маҳмурод Одинаеви 59-соларо ба авбошӣ ва даъвати оммавӣ ба ифротгароӣ муттаҳам дониста, ӯро ба 14 соли зиндон маҳкум кард.

“Падарам зери санади афваш имзо нагузошт. Ин санадро Кумисюни иҷрои қонуни афв ба ӯ додааст. Падарам гуфт, худро гунаҳкор намеҳисобад ва чаро барои коре, ки накардааст, шомили афв шавад? Яъне, беасос эътироф кунад, ки даст ба ҷиноят задааст? Падарам гуфт, ин гуноҳҳоро ҳеч гоҳ қабул надорад", — гуфтааст ба Радиои Озодӣ писари маҳкумшуда Ҳабибулло Ризоев.

Як корманди Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтааст, новобаста аз ин, қонуни афв нисбат ба Маҳмурод Одинаев татбиқ шуда, се сол аз ҳабсаш кам карда хоҳад шуд.

"Афв умумӣ аст ва ба 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон бахшида шудааст. Инки маҳкумшуда зери санади огоҳкунанда имзо мегузорад ё не, муҳлати ҷазояш кам карда хоҳад шуд", – афзудааст мусоҳиби Радио.

Маҳмурод Одинаев 20 ноябри соли 2020 бедарак шуд. Чанд рӯз дар бораи ӯ чизе маълум набуд, лекин пайвандонаш изҳор намуданд, ки кормандони милитсия қариб ҳамаи хешовандони сиёсатмадор, з ҷумла хешовандони дурашро низ аз дигар шаҳрҳо ба Душанбе оварда, бозпурсӣ кардаанд. Моҳи январ ВКД Тоҷикистон тасдиқ намуд, ки Одинаев ба ифротгароӣ айбдор шуда, дар ҳабс қарор дорад.

Нисбати Маҳмурод Одинаев ба иттиҳоми “авбошӣ” (моддаи 237 КҶ) ва даъвати оммавӣ ба ифротгароӣ (моддаи 307.1) парвнадаи ҷиноятӣ боз шуд. Пайвандону наздикони сиёсатмадор изҳор доштанд, ки ин қазия ҷанбаи сиёсӣ дорад.

Баъди як моҳи содир шудани ҳукм нисбати Маҳмурод Одинаев суди шаҳри Ҳисор писари ӯ – Шайхмуслиҳиддин Риоевро ба авбошӣ ва кӯшиши таҷовуз ба номус айбдор дониста, ба 6 соли зиндон маҳкум кард. Боз як писари дигари Одинаев – Ҳабибулло Ризоев низ барои авбошӣ муттаҳам дониста шуда, ба маблағи 58 ҳазор сомонӣ (зиёда аз 5 ҳазор доллар) ҷарима шуд.

Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, вазъи солимии Маҳмурод Одинаев дар зиндон бад шуда, айни замон ӯ дар беморхонаи маҳбас бистарӣ будааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...