Мехоҳед зери роҳбарии Рустами Эмомалӣ кор кунед? Пас ҳуҷҷат пешниҳод намоед

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Шаҳрдории Душанбе дар бораи ишғоли мансабҳо озмун эълон кард. Маош аз 800 сомонӣ то 1 ҳазору 600 сомонӣ (аз 71 то 141 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар медиҳад, ҳукумати пойтахт ҳамагӣ 20 ҷойи кори холӣ дар раёсату шуъбаҳои дастгоҳи раиси шаҳр пешниҳод мекунад.

Тибқи шартҳои озмун, ҳамаи доваталабон бояд дорои маълумоти олӣ ва собиқаи корӣ (дар мансабҳои ҷудогона) бошанд. Ҳамчунин аз доваталабон донистани забони давлатӣ, забони хориҷӣ (барои баъзе вазифаҳо ин лозим нест), таърих, арзишҳои миллӣ, фарҳанг ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ талаб карда мешавад.

Ба ин тариқ, шаҳрдории пойтахт ба мансабҳои зерин корманд меҷӯяд:

Муовини сардори Раёсати тандурустии ш.Душанбе – 1696 сомонӣ;

Мудири шуъбаи робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе – 1512 сомонӣ:

Сармутахассиси Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (2-ҷой) – 1186 сомонӣ;

Сармутахассиси Раёсати коргузорӣ, муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳ – 1186 сомонӣ;

Сармутахассиси шуъбаи робитаҳои хориҷии дастгоҳ – 1186 сомонӣ;

Сармутахассиси шуъбаи иттилооти дастгоҳ – 1186 сомонӣ;

Сармутахассиси бахши банақшагирӣ ва хариди давлатии дастгоҳ – 1186 сомонӣ;

Мутахассиси пешбари шуъбаи иттилооти дастгоҳ – 973 сомонӣ;

Мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳои дастгоҳ – 973 сомонӣ;

Мутахассиси шуъбаи назорати дастгоҳ – 800 сомонӣ;

Мутахассиси Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналии дастгоҳ – 800 сомонӣ;

Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳ – 800 сомонӣ;

Сармутахассиси Раёсати тандурустии шаҳрдорӣ – 1186 сомонӣ;

Сармутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим – 1186 сомонӣ;

Сармутахассиси шуъбаи рушди сайёҳии шаҳрдорӣ – 1186 сомонӣ;

Мутахассиси пешбари Раёсати фарҳанги шаҳрдорӣ – 973 сомонӣ;

Мутахассиси пешбари Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳрдорӣ – 973 сомонӣ;

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди сайёҳии шаҳрдорӣ – 973 сомонӣ;

Мутахассиси Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе – 800 сомонӣ;

Мутахассиси шуъбаи рушди сайёҳии шаҳрдорӣ – 800 сомонӣ.

Довталабон метавонанд бо маълумоти иловагӣ ва дигар талаботи тахассусии мансабҳои мазкур дар сомонаи шаҳрдории Душанбе (www.dushanbe.tj)  шинос шаванд.

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе тибқи тартиби муқарраргардида дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...