Ҷаласаи махсуси Рустами Эмомалӣ оиди “парвандаи Мадина” ва боздошти гумонбарон

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар робита ба қазияи Мадина Мамадҷонова, ки чанде пеш аз сӯйи зане латукӯб шуда буд, бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва раиси суди шаҳри Душанбе ҷаласаи махсус баргузор намуда, аз онҳо хостори тафтиши пурра ва мунсифонаии парванда шудааст. Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе ба “Азия – Плюс” хабар доданд.

Мадина Мамадҷонова ҳанӯз моҳи августи соли равон аз ҷониби ҳамсари қонунии як сокини шаҳри Душанбе бо гумони мулоқоти маҳрамона бо шавҳараш мавриди латукӯб қарор гирифта буд.

“Прокурори шаҳр ба Рустами Эмомалӣ гузориш дод, ки  дар асоси дастури Раиси шаҳр корҳои муайяне анҷом дода шуда, айни замон нисбати Давлятова Азиза ва Давлятов Лутфулло бо аломатҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбарон барои содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шудаанд”, – хабар дод манбаъ.

Раиси шаҳр мақомоти ҳифзи ҳуқуқро вазифадор намудааст, ки барои ҳаматарафаю пурра ва обективонаи тафтишоти ин парвандаи ҷиноятӣ чораандешӣ намоянд.

Ҳамчунин, Рустами Эмомалӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур додааст, ки ҷиҳати баррасии саривақтии муроҷиатҳои сокинони шаҳр, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

«Ҷиҳати тақвияти кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, софдилона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби кормандони сохторҳо ва мақомоти судӣ, пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ зимни татбиқи қонунҳо ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ корбарии ҷиддӣ намоед», – гуфтааст Рустами Эмомалӣ.

Аз ин пештар раиси палатаи болоии парлумон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ «парвандаи Мадина»-ро таҳти назорати шахсӣ гирифта буд ва бо дастури ӯ ба Прокуратураи Генералӣ ва Вазорати корҳои дохила санҷиши ҳолати кор аз нав оғоз карда шуда буд.

Пеш аз ин фаъолон ба унвони раиси шаҳри Душанбе, додситони кулл ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиатнома навишта, хостори таҳти назорати худ гирифтани парвандаи Мадина шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...