Маоши хидматчии давлатӣ дар Тоҷикистон ба таъмини рӯзгораш мерасад?

Барои оилаи иборат аз 4 нафар 300 доллар дар як моҳ кофист? Чанде пеш шаҳрдории Душанбе барои ишғоли мансабҳои холӣ озмун эълон карда, маоши баландтарини зикршуда дар ин вазифаҳо тақрибан 150 долларро ташкил медиҳад. Агар дар як оила зану шавҳар кор кунанду ҳар ду 150 долларӣ маош гиранд, ин барои таъмини зиндагиашон кофист? Мо хароҷоти […]

Барои оилаи иборат аз 4 нафар 300 доллар дар як моҳ кофист?

Чанде пеш шаҳрдории Душанбе барои ишғоли мансабҳои холӣ озмун эълон карда, маоши баландтарини зикршуда дар ин вазифаҳо тақрибан 150 долларро ташкил медиҳад. Агар дар як оила зану шавҳар кор кунанду ҳар ду 150 долларӣ маош гиранд, ин барои таъмини зиндагиашон кофист?

Мо хароҷоти зарурии оилаи маъмулии иборат аз 4 нафар, яъне волидон бо 2 фарзандашонро ҳисоб кардем. Агар лозим донед, чизҳое, ки дар ин ҷо заруранду зикр нашудаанд, илова намоед.

Ана бо ҳамин маблағи боқимонда шумо барои худ ва фарзандонатон бояд либосу пойафзол харед, пули кӯдакистону мактабро диҳед ва роҳкирои нақлиётро пардохт кунед (ба кор рафтану омадан).

Аксарияти оилаҳо манзил надошта, дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунанд. Дар Душанбе барои иқомат дар хонаи иҷора боз тақрибан 1200 сомонӣ (106,7 доллар) лозим асту он ба масоҳати хона (1, 2, 3-ҳуҷрагӣ) вобаста аст.

Ғайр аз ин, дар ҳама оилаҳо барои муолиҷа ва доруҳо маблағ хароҷот мешавад, ки ин ҳам ҳатмӣ аст.

Фароғату истироҳатро ба хотир ҳам намеорем.

Дар шарҳҳо (комментарияҳоятон) нависед, ки шумо чӣ қадар маош мегиреду он барои чиҳо мерасад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.