GFP: Артиши Тоҷикистон заифтарин дар Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад

Мутахассисони ширкати байнулмилалии Global Firepower (GFP) рейтинги нави иқтидори низомии кишварҳои ҷаҳон (Military Strength Ranking)-ро нашр кард. Ба мисли аввали сол Тоҷикистон дар ин рейтинг зинаи 99-умро ишғол мекунад, лекин ҳозир дар рейтинг ба ҷойи 138 кишвар, ки дар моҳи январ буд, 140 давлати ҷаҳон зикр шудааст. Дар рейтинг гуфта мешавад, дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон […]

Мутахассисони ширкати байнулмилалии Global Firepower (GFP) рейтинги нави иқтидори низомии кишварҳои ҷаҳон (Military Strength Ranking)-ро нашр кард.

Ба мисли аввали сол Тоҷикистон дар ин рейтинг зинаи 99-умро ишғол мекунад, лекин ҳозир дар рейтинг ба ҷойи 138 кишвар, ки дар моҳи январ буд, 140 давлати ҷаҳон зикр шудааст.

Дар рейтинг гуфта мешавад, дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 9 ҳазор нафар хидмати ҳарбӣ адо мекунанд, ки ҳудуди 0,1% аз шумори умумии аҳолии кишварро ташкил медиҳад.

Зикр мегардад, ки артиши Тоҷикистон 25 адад авиатсияи ҳарбӣ, аз ҷумла 20 чархбол, инчунин 253 танк, 400 мошинҳои зиреҳпӯш, 80 низоми реактивии оташфишонии шилликӣ (гаубитса) ва 125 проекторҳои мушакӣ дорад.

Бинобар сабаби роҳи мустақими баромадан ба баҳрро надоштан, ҷумҳурӣ Флоти ҳарбии баҳрӣ надорад.

Мувофиқи радабандӣ, қавитарин артиш дар Осиёи Марказӣ неруҳои низомии Ӯзбекистон арзёбӣ шудаанд, ки зинаи 51-умро дар ҷаҳон касб кардаанд.

Қазоқистон дар зинаи 61-ум, Туркманистон – 86 ва Қирғизистон – дар мақоми 93-ум қарор гирифтаанд.

Дар сегонаи аввали радабандӣ ИМА, Русия ва Чин ҷойгир шудаанд.

Дар даҳгонаи аввал аз рӯи иқтидори ҳарбӣ Ҳиндустон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Фаронса, Британия, Бразилия ва Покистон низ ҷойгиранд.

Зинаҳои охири рейтингро Либерия, Косово ва Бутан (140) ишғол кардаанд.

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки артиши толибони Афғонистон тобистони имсол артиши қавитарини ҷаҳонро бо эътилоф маҷбур ба тарки ин кишвар кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.