Душанбе: Пулчинак ҳабс ва ронанда ҷарима шуд

Дар  Душанбе боз як  пулчинак (кондуктор)-и микроавтобуси «Хундай Старекс» барои рафтори дағалона ва суханони қабеҳ нисбат ба мусофирон боздошт гардида, нисбаташ ҷазои ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, пулчинаки автомашина шаҳрванд Манучеҳр Одинаеви 23-сола  баъди муроҷиати шаҳрвандон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дастгир […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар  Душанбе боз як  пулчинак (кондуктор)-и микроавтобуси «Хундай Старекс» барои рафтори дағалона ва суханони қабеҳ нисбат ба мусофирон боздошт гардида, нисбаташ ҷазои ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, пулчинаки автомашина шаҳрванд Манучеҳр Одинаеви 23-сола  баъди муроҷиати шаҳрвандон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дастгир гардидааст.

Гуфта мешавад, ки «зимни пурсиш номбурда иброз дошт, ки дар ҳақиқат санаи 28-уми октябри соли ҷорӣ ҳангоми ба мусофиркашонӣ машғул шудан, нисбат ба муроҷиаткунанда дағалона рафтор намуда, суханони қабеҳ гуфтааст, ки аз ин амали худ изҳори пушаймонӣ намуд».

Ба иттилои манбаъ, бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда протоколи ҳукуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Ҳамзамон зикр мегардад, ки нисбат ба ронандаи автомашинаи мазкур, ки Одинаев он ҷо ба ҳайси пулчинак фаъолият мекард, барои ғайриқонунӣ бе иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ба хизматрасонии мусофиркашонӣ машғул шудан, бо моддаи 510-и КҲМ Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ӯ ҷарима шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст