“ТАСС”: “Аҳмад Масъуд дар Тоҷикистон аст”

Роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Аҳмад Масъуд феълан дар Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин бора муовини собиқи волии вилояти Панҷшер Кабир Восиқ ба хабаргузории “ТАСС” хабар додааст. Ӯ гуфтааст, Аҳмад Масъуд ҳоло дар Тоҷикистон аст, аммо гоҳ-гоҳ ба Афғонистон сафар мекунад ва дар онҷо бо воҳидҳои муқовимат дар манотиқи мухталифи кишвар мулоқот менамояд. Ба гуфтаи […]

Роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Аҳмад Масъуд феълан дар Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин бора муовини собиқи волии вилояти Панҷшер Кабир Восиқ ба хабаргузории “ТАСС” хабар додааст.

Ӯ гуфтааст, Аҳмад Масъуд ҳоло дар Тоҷикистон аст, аммо гоҳ-гоҳ ба Афғонистон сафар мекунад ва дар онҷо бо воҳидҳои муқовимат дар манотиқи мухталифи кишвар мулоқот менамояд.

Ба гуфтаи мавсуф, Аҳмад Масъуд дар ҳоли ҳозир саъй дорад, ки дар муқовимат бо ҷангиёни Толибон аз кишварҳои мухталиф ҳимоят дарёфт  кунад.

– Масъуд мехоҳад кишварҳои минтақа ва кулли ҷомеаи байналмилалиро ба зарурати мубориза бо Толибон мутақоид созад. Ӯ ба кишварҳои мухталиф сафар мекунад, то ки ба Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир шуда, аз он пуштибонӣ кунанд, – гуфтааст собиқ муовини волии Панҷшер.

Кабир Восиқ қайд кардааст, ки ҷабҳа бо Тоҷикистон, ки ба мардуми Афғонистон дар мубориза бо “Толибон” ҳамеша кумаки қобили мулоҳиза мекард ва ҳоло ҳам мерасонад, равобити хуб дорад,

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 23 сентябр зимни суханронӣ дар иҷлосияи 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милал хостори баргузории интихобот дар Афғонистон ва таъсиси як ҳукумати фарогир бо ширкати намояндагони тамоми қавмҳо, аз ҷумла тоҷикони афғон шуд.

Вақтҳои охир дар бораи макону будубоши Аҳмад Масъуд хабарҳои зидди нақиз зиёданд. Макони муайяни будубоши Аҳмад Масъуд маълум нест, ки ҳоло дар куҷост. Ӯ кайҳост, ки муроҷиатҳои видеоӣ нашр намекунад.

Дар нахустин муроҷиати худ пас аз тасарруфи Панҷшер аз ҷониби Толибон ӯ изҳор дошта буд, ки бо ҷангиёни Ҷабҳа дар кӯҳҳои Ҳиндукуш қарор дорад. Лекин пас аз ин ӯ муддати тӯлонӣ дигар пайдо нашуд ва дар ин робита якчанд тахминҳо кардан имкон дошт.

Аз ҷумла овозаҳое пайдо шуданд, ки ӯ ҳамроҳи ноиби президенти пешина Амруллоҳ Солеҳ ба Тоҷикистон фирор кардааст. Лекин намояндагони Ҷабҳа ва сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ин овозаҳоро бепоя хонданд.

Бо вуҷуди ин, чанде пеш Радиои Озодӣ бо истинод ба якчанд манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон хабар дода буд, ки Аҳмад Масъуд моҳи гузашта, дақиқтараш пас аз чор рӯзи гуфтушуниди президенти Тоҷикистон бо сарвазири Покистон, ки дар бораи ташкили гуфтушунидҳо миёни мухолифон ва толибон тавофуқ ҳосил карда буданд, ба Тоҷикистон омадааст.

Зикр шуда буд, ки Аҳмад Масъуд на бо президент, балки бо раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ вохӯрдааст. Дар Душанбе ӯ якуним рӯз ҳузур дошта, сипас дубора ба Афғонистон баргаштааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.