Ҳушдори Амруллоҳ Солеҳ: Ба сафорати Афғонистон дар Покистон муроҷиат накунед, ки боздошт мешавед

Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисҷумҳури пешини Афғонистон, дар як ҳушдори фейсбукияш аз шаҳрвандони Афғонистон, ки дар Покистон қарор доранд, хоҳиш кардааст, ки ба сафорати Афғонистон дар Покистон ва бахшҳову консулгариҳои он муроҷиат накунанд, ки боздошт мешаванд. Бино ба ин навиштаи ҷаноби Солеҳ то кунун даҳҳо тан аз онҳое, ки ба ин сафорат муроҷиат кардаанд, аз сӯйи нафарони […]

Asia-Plus

Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисҷумҳури пешини Афғонистон, дар як ҳушдори фейсбукияш аз шаҳрвандони Афғонистон, ки дар Покистон қарор доранд, хоҳиш кардааст, ки ба сафорати Афғонистон дар Покистон ва бахшҳову консулгариҳои он муроҷиат накунанд, ки боздошт мешаванд.

Бино ба ин навиштаи ҷаноби Солеҳ то кунун даҳҳо тан аз онҳое, ки ба ин сафорат муроҷиат кардаанд, аз сӯйи нафарони мансуб ба "Толибон" тавассути истихбороти Покистон боздошт шудаанд.

Муовини пешини раисҷумҳури Афғонистон гуфтааст, ки сафоратхонаи Афғонистон дар Исломобод ва консулгариҳои кишвараш ба шуъбаҳои ISI (Cозмони истихбороти Покистон) табдил шудааснд.

"Ҳамватанони гиромӣ: Агар ба ҳар далеле ба Покистон рафтаед, аз муроҷиа ба сафорати Афғонистон, ки акнун тавассути Толибон идора мешавад ибо варзед ва ё агар маҷбур астед ба далоили ҳуқуқӣ ва консулӣ муроҷиа кунед, бо худ телефони ҳушманд (смартфон) надошта бошед. То ҳол даҳҳо нафар аз муроҷеин ба асоси ишора ва суфориши мансубини Толибон тавассути истихбороти Покистон дастгир шуда ва ба ҷойи номаълум интиқол гардидаанд. Дастгиршудаҳо танҳо низомиён нестанд, балки дар бахшҳои мухталифи ҷомеа фаъолият доштаанд. Сафорати Афғонистон дар Исломобод ва кунсулгариҳои кишвар акнун ба шуъбаҳои ISI мубаддал шудаанд",- навиштааст Солеҳ.

Амрулло Солеҳ пас аз чанд рӯзи суқуқти Кобул ба дасти "Толибон" дар як навиштае дар шабакаҳои иҷтимоӣ, иддао кард, ки бар асоси Қонуни Асосии Афғонистон ӯ сарпараст (иҷрокунанда)-и раёсатҷумҳурии Афғонистон аст. Ӯ ишора кард, ки дар ҳолати марг ё истеъфои раисҷумҳур, то замони интихоби раисҷумҳури нав, тибқи Қонуни Асосӣ муовини аввали раисҷумҳур, сарпарасти мақоми раёсатҷумҳурӣ мебошад.

Ҳоло Амрулло Солеҳ дар Туркия ба сар мебарад ва бархе манбаъҳо гуфта буданд, ки пеш аз сафар ба Туркия дар Тоҷикистон қарор дошт. 

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.