Иштироки 14 самбокори тоҷик дар чемпионати ҷаҳон дар Тошканд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дар мусобиқаи ҷаҳонии самбо, ки аз 12 то 14 ноябр дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад, 14 самбокори тоҷик аз рӯи ду ришта :самбои варзишӣ ва самбои размӣ ширкат хоҳанд кард.

Дар ҳайати  14 варзишгар, аз ҷумла, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2018 Хушқадам Хусравов ва барандаи медали нуқраи 4-каратаи Ҷоми ҷаҳон Акмалиддин Каримов шомиланд.

Мусобиқаҳо оид ба самбои варзишӣ байни мардону занон ва инчунин, самбои рамзӣ байни мардон дар 7 вазн баргузор мешаванд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 7 варзишгар оид ба самбои варзишӣ ва 7 варзишгар оид ба самбои размӣ шомиланд.

Таркиби тими миллии самбои варзишӣ:

Акмалиддин Каримов (58кг), Хушқадам Хусравов (64кг), Раҷабов Муҳаммадисо (71 кг), Ҳамроз Раҷабов (79кг), Зафар Олимшоев (88кг), Фирдавси Насимзода (-98кг) ва Хуршед Маҷидов (+100кг)

Намояндагони самбои размии кишвар:

Мирзозода Бобохон (56кг), Латипов Сорбон (64 кг), Саидҷони Ҳаййдар (-71кг ), Парпишоев Табрезшоҳ (-79) Одилов Фаридун (88кг), Олимов Олимхоҷа (-98 кг) ва Ҳусейнов Аҳтам (+100кг)

Ҷадвали рақобати тими миллии Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷаҳонӣ дар Тошканд

Ҷумъа 12 ноябр

Самбои варзишӣ: Акмалиддин Каримов (58 кг), Хушқадам Хусравов (64 кг)

Самбои размӣ: Олимхоҷа Олимов (98 кг), Аҳтам Ҳусейнов (+98 кг)

Шанбе 13 ноябр

Самбои варзишӣ: Муҳаммадисо Раҷабов (71 кг), Ҳамроз Раҷабов (79 кг), Зафар Олимшоев (88 кг)

Самбои размӣ: Бобохон Мирзозода (58 кг), Сорбон Латипов (64 кг)

Якшанбе 14 ноябр

Самбои варзишӣ: Фирдавсӣ Насимзода (98 кг), Хуршед Маҷидов (+100 кг)

Самбои размӣ: Саидҷони Ҳайдар (71 кг), Табрез Парпишоев (79 кг), Фаридун Одилов (88 кг), Олимхоҷа Олимов (98 кг), Аҳтам Ҳусейнов (+98 кг)

Пахши онлайни мусобиқаро метавон дар сомонаи Федератсияи байналмилалии самбо – https://sambo.sport/ru тамошо кард.

Маблағи ҷоизаи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон 231 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Тақсимоти пулии мукофот чунин хоҳад буд:

Барандаи медали тилло – 4 ҳазор доллари ИМА;

Барандаи медали нуқра – 3 ҳазор доллари ИМА;

Барандагони медалҳои биринҷӣ – 2 ҳазор доллари ИМА.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...