Раиси Суғд кори шаҳрсозонро танқид карду гуфт заминсозонро ба ҷавобгарӣ мекашем

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Дар вилояти Суғд тарҳи ҳудуди 200 бинову иншоотро муаррифӣ карданд, ки давоми чанд соли ахир дар 18 шаҳру ноҳия бунёд мешавад.  Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳрсозон дастур дод, ки биноҳо бояд бо санъати шаҳрсозӣ ва фарҳанги миллӣ сохта шавад. Ӯ гуфт, мақомот дигар ба касе бе лоиҳаҳои замонавӣ иҷозаи сохтмон намедиҳад.

Раиси вилояти Суғд зимни Шӯрои шаҳрсозӣ фаъолияти имрӯзаи меъморонро танқид кард ва гуфт бинову иншоотҳо бидуни нақшаи муфассали банақшагирии маҳалҳо ё нақшаи генералии шаҳрсозӣ ва бе риояи талабот бунёд шуда истодааст. Раҷаббой Аҳмадзода ин вазъро аз бемасъулиятии роҳбарони соҳа донист ва ишора ба санҷишҳои мақомот карда гуфт, ки аксари бинову иншоотҳо бар хилофи кодекси шаҳрсозии Тоҷикистон қомат рост мекунад.

“Ҳар касро ҳамчун меъмор нагиред. Меъмор ин прокурори ҳамин соҳа аст. Ӯ бояд қонунро вайрон накунад. Вай бояд хулосаи ғайриқонунӣ ба раис надиҳад, ки имрӯз муаммо нашавад. Аз ҳамин рӯз эътиборан кумитаи замин агар ягон кас ғайриқонунӣ замин ҷудо мекунад ё хуллосаи ғайриқонунӣ пешниҳод мекунад, мо ба ҷавобгарӣ мекашем”,- гуфт, раиси вилояти Суғд. 

Раҷаббой Аҳмадзода, дар ҳоле аз ошкор шудани замини ғайриқонунӣ барои сохтани бинову иншоотҳо интиқод кард, ки чанд соли ахир ин шеваи шаҳрсозӣ боис ба нигарониҳои ҷиддии аҳолии Хуҷанд бо соҳибкорон шудааст. Аҳолӣ дар баъзе аз маҳаллаҳои ин шаҳр сари чанд вақт аз кори  сохтмончиёну меъморон ва ё мақомот шикоят мекунанд. Нигароние, ки бинобар ҷудо шудани замин барои сохтмони баландошёнаи замонавӣ дар назди биноҳои сохти Шӯравӣ сар мезанад. Аҳолӣ аз танг гаштани ҳудуди майдони варзишиву истироҳатӣ дар назди биноҳояшон шикоят доранд, аммо мақомот дар бештар маврид онро дар асоси нақшаи генералии шаҳрсозӣ дуруст меҳисобад.

Раиси вилояти Суғд чунин ҳолатҳоро камбудии ҷиддии мақомот меҳисобад. Ӯ ба Шӯрои шаҳрсозӣ дастур дод то гурӯҳи корие созмон ёбад ва қарорҳои аз ҷониби шаҳру ноҳияҳо пешниҳодшударо омӯзанд ва камбудро ислоҳ кунанд. Ба гуфтаи Раҷаббой Аҳмадзода меъморону шаҳрсозон бояд, масъалаи барқу ташноби хонаҳои сохташавандаро ҷиддӣ гиранд то садсолаҳо барои аҳолӣ хизмат кунад. Вай афзуд, майдончаҳои варзишӣ, ҷойи фароғатии  пиронсолон бояд бошад ва дар шаҳрҳо ҷойҳои ҷамъиятӣ фурӯхта нашавад, балки дар маҳалҳо чойхонаҳои миллӣ созанд.

Баҳром Юсупов, раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон ва Президенти Иттифоқи меъморони ИДМ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки тарҳи биноҳои сохти Шӯравӣ барои одамон ва зиндагиву солимии бошандагон мутобиқ буд, ки ҳоло ин меъёри шаҳрсозӣ риоя намешавад. Ӯ ишора ба майдончаҳои варзишӣ барои наврасон ва ҷойи истироҳатии калонсолон кард, ки ҳоло чунин ҷойҳоро барои сохтани биноҳои бисёртабақа ҷудо мекунанд.

“Мисол дар як гектар замин чаҳор бинои 9 ошёна бунёд шавад бояд ба ҳар як бошандаи бино майдон барои истироҳату зиндагӣ мутобиқ бошад. Лекин ҳоло дар ин масоҳат замин шояд 10 бинои 20 ошёна бунёд мекунанд. Тасаввур кунед, агар ҳамаи бошандагон ягбара берун барояд на ҷойи бозии бачаҳо ҳаст на ҷойи мошингузорӣ ҳаст ва на ҷойи истироҳатӣ.”

Дар назди бозорҳо мошинсарой созанд

Мақомоти Суғд дар мавриди шаҳрсозӣ васеъ намудани роҳҳои асосии дихилишаҳриро як ташвиши ҷиддӣ меҳисобад. Зеро дар гузашта ва ҳоло замин барои бунёди баландошёнаҳоро наздик ба роҳҳои асосӣ ҷудо карданд ва ҳоло дар бисёр шаҳрҳо имкони васеъ кардани роҳҳо вуҷуд надорад. Ин дар ҳолест, ки шумори нақлиёт сол аз сол меафзояд ва боис ба тамбашавӣ дар шаҳрҳо мешавад.  

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба мавзеъҳои таърихӣ таваҷҷӯҳ карда гуфт, набояд ба хотири бинову иншоотҳои нав тахриб шавад. Ӯ дар мавриди бозорҳои бузург ва риояи меъёрҳои шаҳрсозӣ гуфт ҷиддӣ кор гиранд “бо рӯйихотирӣ ё ҷӯрабозӣ меъёрҳои шаҳрсозиро вайрон кардан лозим нест”.

Ӯ ба масъулин дастур дод, ки гирду атрофи бозори “Панҷшанбе” аз сохтмонҳои ғайриқонунӣ пурра тоза карда шавад. Инчунин соҳибони бозорҳои канори  шоҳроҳи “Хуҷанд-Конибодом” бояд барои нақлиёти аҳолӣ мошинсарой созанд. 

“Дар бозорҳои шоҳроҳ қариб 20 ҳазор одам кору фаъолият мекунад. Дар шаҳри Бӯстон бозори “Сомон”,  дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бозорҳои “Ваҳдат”, “Баракат”, “Суғдиён”, “Атушбозор” ягон мошинсарой надорад. Маблағро мегиранд, вале барои мизоҷони худ шароити хуб фароҳам намесозанд. Супориши қатъӣ дода шавад, ҳар як бозор имрӯз аввал масъалаи зиддисӯхторро риоя кунад, дуюм барои мошинсарой замин дорад то ҷой барои гузоштани мошин созад ва бехатарии ҳаракати роҳ таъмин гардад”,-гуфт Аҳмадзода

Дар назар аст аз ин ба баъд лоиҳаҳои сохтмонӣ дар асоси озмунӣ Шӯрои шаҳрсозӣ қабул мегардад, баъдан иҷозаи сохтмон дода мешавад. Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки тарҳи биноҳо набояд дар шаҳру ноҳияҳо ва ё вилоятҳо унсурҳои меъмории якхела дошта бошанд. Балки мутобиқ ба маҳал ин меъёр фарқ кунад.

Бино ба иттилои мақомати Суғд давоми 9 моҳи имсол ба соҳаи сохтмон зиёда аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ маблағ равона шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2020 22% зиёд мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...