Сарбози Боқир дар Мурғоб ва муовини Кумитаи амният: Роҳи тайкардаи раиси нави ВМКБ

Asia-Plus

Барканории Ёдгор Файзов аз мақоми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ба ҷойи ӯ таъин шудани генерал Алишер Мирзонабот, вокунишҳои қобили мулоҳизае дар пай дошт. Агар ин вокунишҳо аз як сӯ, ба шахсияти мардумӣ, маҳбубият ва амалкардҳои мустақилонаи Файзов бастагӣ дошта бошад, аз сӯйи дигар ба дасти як генерали амният супурдани раҳбарии як вилояти муҳими Тоҷикистон марбут буд. Хусусан дар пасманзари норизоятиҳои се сол пеши Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи амниятии вилоят ва сару садоҳои бунёди пойгоҳи низомии Чин дар қаламрави ин вилоят.

Аммо он чӣ дар ин тағйиорти пурвокуниш, бештар таваҷҷуҳи расонаҳо ва корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ҷалб кард, дар дастраси омма қарор надоштани шарҳи ҳол раиси нави ВМКБ мебошад. Аксарият инро ба он рабт медиҳанд, ки ӯ як генерали ниҳодҳои амниятӣ аст, аз ин хотир шарҳи ҳолаш расонаӣ намешавад.

Ҳатто замоне ки муовини аввали Ёдгор Файзов таъин шуд, шарҳи ҳоли ҳамаи муовинони раиси вилоят дар сайти ҳукумати вилоят пайдо шуду аз Мирзонабот не. Замони раиси шаҳри Хоруғ таъин шудан ҳам, дар давоми як сол ҳеч гоҳе шарҳи ҳоли расмии раиси шаҳр ба сайти шаҳрдорӣ роҳ пайдо накард.

Аз сарбози марзбон то генерали амният

Аммо он чи “Азия-Плюс” аз манбаъҳои гуногун дарёфт кард, ин аст, ки Алишер Мирзонабот зодаи ноҳияи Рӯшони ВМКБ аст. Маълум нест мактабро дар Рӯшон хатм кардааст ё дар Хоруғ. 

Давраи сарбозири дар ноҳияи Мурғоб, дар қисми низомие пушти сар кардааст, ки Муҳаммадбоқир Боқиров, фармондеҳи собиқи мухолифин ва ҳоле яке аз чеҳраҳои пурнуфузи ғайрирасмӣ дар Бадахшон, қумандони он буд.Гуфта мешавад, Алишер Мирзонабот хатмкардаи Омӯзишгоҳи олии марзбонӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон аст ва пас аз он корро дар Неруҳои марзбонии Тоҷикистон оғоз кардааст.

Дар вилояти Суғд ба унвони сардори Ситоди Отряди марзбонӣ ва командири постгоҳи марзбонӣ кор кардааст. Гуфта мешавад, пас кор дар вилояти Суғд ба кори мустақим дар сохторҳои амният пардохтааст, аммо кай аз бахши марзбонӣ ба мақомоти амният гузаштааст, маълум нест. Вале бино ба як хабаре, ки Шӯрои фармондеҳони Неруҳои марзбонии ИДМ нашр кардааст, ӯ дар соли 2008 рутбаи подполковник доштааст ва дар бахши марзбонӣ кор мекардааст.
Баъдан Алишер Мирзонабот ба унвони муовин ва сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ВМКБ кор кардааст. 
Дар соли 2018 Алишер Мирзонабот рутбаи генерал-майори амниятро аз раисҷумҳури Тоҷикистон дарёфт кард, ки он замон дар мақоми муовини раиси КДАМ Тоҷикистон кор мекард.

Ҷойгузини Файзов

Дар пайи тағйироти кадрии соли 2018 дар ВМКБ, ки пас аз интиқоди шадид ва норизоятиҳои ҷиддии Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи амниятӣ ва сатҳи ҷинояткорӣ дар ин вилоят сурат гирифт, Алишер Мирзонабот, моҳи октябри соли 2018 муовини аввали раиси ВМКБ таъин шуд.  

Аммо дар мақоми муовини раиси ВМКБ ҳамагӣ 2 сол кор кард ва як суханронияш дар ноҳияи Мурғоб, ки дар он аз шеваи кори чархболҳои Бунёди Оғохон дар Мурғоб интиқод карда буд, вокунишҳои зиёдеро миёни зодагони ВМКБ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Ин вокунишҳо сабаб шуд, ки Мирзонаботов ба онҳо посухи расмӣ бидиҳад. Мирзонаботов дар ин посухаш, ки дар саҳфаи фейсбукии ҳукумати ВМКБ нашр шуд, гуфт, ки ӯ дар Мурғоб “дар ҳақиқат аз президент Эмомалӣ Раҳмон ситоиш кард, ки бо вуҷуди ҳавои номусоид аз роҳи сафари Мурғоб барнагашт, вале сухан дар бораи чархболҳои Фонди Оғохон тамоман нарафт”.

Соли 2020, баъди ташкили кобинаи нави ҳукумат пас аз интихоботи президентӣ ва тағйироти дигари кадрӣ, Алишер Мирзонабот аз мақоми муовини якуми раиси ВМКБ озод ва раиси шаҳри Хоруғи ин вилоят таъин шуд. Дар ин мақом як сол кор кард ва рӯзи 4 ноябр раиси ВМКБ таъин шуд.

 Баъди барканории Мирзонабот аз мақоми муовини аввали раиси ВМКБ ин мақом то кунун дар ин вилоят холист ва баъди раис шудани Алишер, ҳам касеро таъин накарданд.

Албатта бидуни муҳобот, пас аз Ёдгор Файзов-раисе, ки дар як давраи буҳронӣ раҳбарии вилоятро ба дӯш гирифту ба яке аз мансабдорони мардумӣ дар сатҳи кишвар табдил шуд, кор барои генерали ҷавон мушкил хоҳад буд, аммо шояд таҷрибаи кораш дар мақоми амният барояш ёрӣ кунад…

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...