Конфронсҳои илмӣ, ороиши хиёбону гулгаштҳо, бузкашӣ… Рӯзи Президент чӣ гуна таҷлил мешавад?

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Ба муносибати Рӯзи Президент дар Душанбе баргузории конфронси илмӣ-назариявӣ, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, ҳафтаи илм, ороиши хиёбону гулгашт ва насби аксҳои раисҷумҳур дар хиёбонҳо дар назар дошта шудааст. Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд ва гуфтанд, ба ин муносибат қарори вижаи шаҳрдори Душанбе ба имзо расидааст

Аз шаҳрдории Душанбе гуфтанд, ҳамоиши асосӣ Конфронси илмиву амалӣ бахшида ба Рӯзи Президент, имрӯз 15 ноябр дар Китобхонаи милии Тоҷикистон ҷараён дорад. Ҳамчунин, рӯзи таҷлили ид – 16 ноябр баргузории як чорабинии фарҳангӣ дар “Кохи Суруш” дар назар аст.

–  Аз 11 то 16 ноябр дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе соатҳои дарсӣ оид ба нақши президенти Тоҷикистон дар таъмини сулҳ ва раванди созандагии кишвар гузаронида шуда, ҳамчунин, дар муассисаҳои таълимии пойтахт ҳафтаи равон – аз 10 то 16-ум ҳафтаи омӯзиши асарҳои Пешвои миллат дар ҳоли баргузорӣ аст, – гуфтанд аз шаҳрдории Душанбе.

Манбаъ илова кард, ки дар доираи таҷлили Рӯзи Президенти Тоҷикистон, ташкили намоишҳои китобҳои Пешвои миллат, баргузории чорабиниҳои илмии маърифтӣ, аз ҷумла дар Китобхонаи шаҳрӣ ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ гузаронида мешавад.

– Дар чорабиниҳои асосӣ, ки дар Китобхонаи миллӣ ва Кохи Суруш баргузор мешавад, намояндагон аз ҳукумати кишвар ширкат мекунанд,- гуфтанд аз шаҳрдорӣ.

Манбаъ илова кард, ки ба истиқболи Рӯзи Президент оро додани хиёбону гулгаштҳо, насби шиору овезаҳо ва аксҳои президент, махсусан дар ҷойҳои баргузории чорабиниҳо ва ташкилоту муассисаҳо дар назар аст.

Ҳамчунин рӯзи 13-уми ноябр дар шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи Президент дар майдони нави бузкашии ин шаҳр мусобиқаи бузкашӣ доир шуд.

13-14-уми ноябр дар Қасри Арбоби вилояти Суғд конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти унвони "Президент- кафили рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум" баргузор шуд.

Ҳамчунин рӯзи 16-уми ноябр аз сӯйи ҳукумати ин вилоят дар Қасри Арбоб чорабинии фарҳангӣ доир мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 15 апрели соли 2016 вакилони палати поёнии парлумон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд. Минбаъд дар асоси он ҳамасола 16 ноябр дар кишвар Рӯзи Президенти Тоҷикистон бидуни истироҳат таҷлил карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...