Ҳушдори Вазорати нақлиёти Русия: санҷиши QR-код ҳам дар парвозҳои дохилӣ асту ҳам хориҷӣ

Asia-Plus

Вазорати нақлиёти Русия ҳушдор дод, ки талабот ба доштани QR-код (он далели эмкунӣ бар зидди коронавирус ё бемории ковиди чанде пеш паси сар кардаро тасдиқ мекунад) ҳам ба мусофирони ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ва ҳам хориҷӣ дахл хоҳад дошт, хабар медиҳад ТАСС бо такя ба гуфтаҳои муовини вазири нақлиёти Русия Кирилл Богданов.

"Ин қонун натанҳо нисбати ширкатҳои ҳавопаймоии Русия, балки тамоми ширкатҳое, ки дар қаламрави Русия парвоз мекунанд, мавриди амал қарор мегирад ва онҳо огоҳ карда мешаванд", – зикр кардааст ӯ.

Богданов ҳамчунин тавзеҳ додааст, ки Вазорати нақлиёт масъалаи додани кумакпулӣ (субсидия)-ро ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ баррасӣ мекунад, аммо ҳаҷми онҳо ҳоло муайян нашудааст.

"Масъалаи кумакпулиро ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ баррасӣ дорем ва мефаҳмем, ки шояд барои онҳо дар тиҷорат мушкилоте пеш ояд. Ҳоло гуфта наметавонам, ки ҳаҷми он чӣ қадар мешавад", – иброз доштааст вай.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки хабаргузории «Ведомости» бо такя ба номаи муовини вазири нақлиёт Игор Чалик ба ҳукумат ва вазорати молияи Русия иттилоъ медиҳад, дар робита ба ҷорӣ шудани QR-кодҳои ҳатмӣ барои парвозҳои ҳавоӣ, Вазорати нақлиёт пешниҳод кардааст, ки ба соҳаи авиатсия 8 млрд ҷубронпулӣ пардохт шавад: 7 млрд ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва 1 млрд – ба фурудгоҳҳо.

Вазорати нақлиёт тахмин мекунад, ки бинобар ҷорӣ шудани QR-кодҳо, ҷараёни ҳамлу нақли ҳавоӣ 50% коҳиш ёфта, даромади фурудгоҳҳо дар моҳи декабр 1,06 млрд рубл камтар мешавад.

Ба гуфтаи Богданов, Вазорати нақлиёт умедвор аст, ки қонуни ҳукумат дар бораи санҷиши ҳатмии QR-кодҳо дар ҳавопаймоҳо ва дигар навъи нақлиёт то охири соли 2021 қабул шуда, аз 1 феврали соли 2022 мавриди амал қарор мегирад.

Гуфта мешавад, то 1 феврали соли 2022 ба ҷуз QR-код, ПСР-тест бо натиҷаи манфии коронавирусро низ истифода бурдан мумкин аст. Дар назар аст, ки QR-кодҳо то 1 июни соли 2022 (тибқи нақша то ба 80% расидани сироятнопазирӣ (иммунитет)-и дастаҷамъона) амал мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...