Шикояти вакилони тоҷик: вазирону мансабдорон ба мо беэҳтиромӣ мекунанд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дар ҷаласаи охири палатаи поёнии парлумон, ки имрӯз, 17 ноябр баргузор гардид, ҳадди ақал ду вакили парлумон аз хунукназарии мансабдорони тоҷик ҳангоми муроҷиат ва дархости вакилӣ шикоят намуданд. Онҳо аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки мақомодорони тоҷик онҳоро қабул намекунанд ва ё ба дархости вакилии онҳо дер посух медиҳанд.

Ду вакили тоҷик – Ғайрат Азиззода, раиси собиқи ноҳияи Мастчоҳ ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода дар ҷаласаи имрӯзаи парлумон аз он шикоят карданд, ки якумӣ натавонист барои баррасии масъалае ба назди вазири саноат ва технолоияҳои нав Шералӣ Кабир дарояд.

Ба дархости вакилии  Усмонзода Додгоҳи олии Тоҷикистон баъди 52 рӯз посух дода ва дар посух аз ӯ талаб карданд, ки ба ниҳоди поёнӣ муроиҷат кунад. Дар ҳоле ба гуфтаи Усмонзода агар роҳбарияти Додгоҳи олӣ аз масъулини зинаи поёнии додгоҳ дархост мекард масъала тезтар ҳал мешуд.

Ғайрат Азиззода дар ҳузури вазири саноат дар порлумон гуфт, ки мехост, ки масъалаи танҳо ба як соҳибкор додани 200 гектар замин барои истихроҷи ангишт дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва далелҳои ба соҳибкорони дигар  надодани имкони истихроҷи ангиштро баррасӣ кунад, вале натавонистааст назди вазир дарояд.

– Тавассути телефон 7 – 8 маротиба ва ду маротиба ба қабули вазир (вазири саноат ва технологияи нав Шералӣ Кабир дар назар аст) рафтем, вале эшон моро қабул накарданд, -шикоят намуд Ғайрат Азиззода.

Номбурда аз вазир хоҳиш намуд, ки масъалаи мазкурро баррасӣ намуда, ниҳоят нисбати вакилон иззату эҳтиром  қоил бошад

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав сабаби қабул накардани вакили парлумонро ба масъалаҳои объектививу субъективӣ ва сафарҳои корӣ рабт дод ва ваъда кард, ки вақт пайдо карда бо ӯ гуфтугӯ хоҳад кард.

Аммо Маҳамадтоир Зокирзода, раиси порлумон дар шарҳи шикояти ин вакилони парлумон чизе нагуфт.

Саидҷаъфар Усмонзода шикоят намуд, дар мавриди як мушкилии шаҳрванд ба унвони роҳбарияти Додгоҳи олии кишвар муроҷиат намуд, вале баъди 52 рӯз бо имзои муовини раис ҷавоб омад, ки доир ба ин масъала ба суди ноҳиявӣ муроҷиат кунанд.

– Як шаҳрванд бо мушкилаш ба мо муроҷиат кард. Баъди муроҷиат ба Суди олӣ, аз номи муовини раиси Суди Олӣ Исҳоқӣ баъди 52 рӯзи дархости вакилӣ дар як варақ дар шаш бахш ҷавоб омад, ки мутобиқи фалон қонунгузорӣ ба суди ноҳиявӣ муроҷиат кунед. Дар ҳоле ки агар дархости вакилӣ ва мактуби ҷонишни Суди Олӣ ба суди ноҳиявӣ мерафт, масъала тезтар ҳал мешуд,- гуфт вакили парлумон Усмонзода.

Ӯ аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки ҷонишини Суди Олӣ аҳамият намедиҳад, ки барои чӣ вакили ба Суди олӣ дархости вакилӣ равон кардааст.

Саидҷаъфар Усмонзода аз раиси порлумон хоҳиш кард, ки масъалаи мутобиқ будани кадрҳо дар вазифаҳо дар назар гирифта шавад.

Вале дар посух ба он Зокирзода гуфт, таъини судяҳо дар парлумон ҳал намешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...