Сокини деҳаи Сомониён: “Қирғизҳо навраси тоҷикро лату кӯб ва чорвояшро бурданд”

Мусои Бобоҳоҷӣ, Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар деҳаи наздимарзии Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара шаҳрвандони Қирғизистон як навраси тоҷикро лату кӯб ва чорвояшро бо худ бурдаанд.

Тавре ба “Азия-Плюя” як сокини деҳа бо номи Мақсад хабар дод, ҳодисаи мазкур рӯзи 21 ноябр рух додааст.

“Довудҷони 17-сола чорво мечаронид, лекин тасодуфан як гов ба қалдамраве гузаштааст, ки қирғизҳо онро аз они худашон медонанд. Пас аз ин онҳо наврасро лату кӯб намуда, ӯро ба куштан таҳдид мекунанд. Сипас чор говро бо худ бурдаанд”, – мегӯяд Мақсад.

Ба гуфтаи ӯ, Дорвудҷон “ҳам аз лиҳози равониву ҳам ҷисмонӣ” осеб дидаааст. Зикр шуд, ки баъди ин ҳодиса вазъи солимии модари Довудҷон бад шуда, барои ӯ мошини ёрии таъҷилии тиббиро даъват кардаанд.

“Агар чорвои қирғизҳо ба қаламрави Тоҷикистон гузарад, сокинони деҳаи Сомониён бидуни ҳеҷ мушкилӣ онро ба соҳибонашон бармегардонанд”,  – илова кард Мақсад.

Ҳодисаро ба “Азия-Плюс” роҳбари деҳаи Сомониён Додохон Ҷабборов низ тасдиқ кард.

“Хушбахтона, ҷавон зинда буда, зер муоинаи табибон қраор дорад. Пас аз лату кӯб ӯ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст. Чорвои рабударо шаҳрвандони Қирғизистон ҳоло барнагардонидаанд”, – иброз дошт Ҷабборов.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ҳамзамон 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, 21 ноябр дар Душанбе дар ҳошияи муколамаи “Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ” мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Руслан Казакбеков доир гардид.

Тавре Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон хабар медиҳад, дар ҷараёни мулоқот ба масоили ҳимоят аз ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони ҳар ду кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Казакбоев пешниҳод намуд, ки бо ҷалби намояндагони ваколатдори мақомоти прокуратура, низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва хадамоти марзбонӣ вохӯриҳо гузаронида шуда, баҳри ҳарчи зудтар ҳаллу фасл намудани баҳсҳо дар мавриди ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони таҷрибаи баргузории машваратҳои ҳамоҳангсозии мақомоти ваколатдори ҳар ду кишвар барқарор карда шавад.

Гуфта мешавад, вазирон инчунин масоили сабук кардани равуои дуҷонибаи шаҳрвандон ва ҳамлу нақли бору маҳсулотро баррасӣ карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...