Афзоиши босуръати фавти кӯдакон дар Кобул аз норасоии ғизо

Ҳолатҳои маргумири кӯдакон, ки аз норасоии ғизо азият мекашанд ва шумори кӯдаконе, ки бо сабаби камғизоӣ ба бемористонҳои Кобул меоранд, босуръат зиёд мешавад, менависад “Фергана” бо истинод ба ВАО-и Афғонистон. Намояндагони беморхонаи кӯдакони ба номи Индира Ганди изҳор доштаанд, ки шумори кӯдакони бемор, ки аз камхӯрокӣ азият мекашанд, ахиран 50% афзудааст. “Ахиран шумори беморон зиёд […]

Asia-Plus

Ҳолатҳои маргумири кӯдакон, ки аз норасоии ғизо азият мекашанд ва шумори кӯдаконе, ки бо сабаби камғизоӣ ба бемористонҳои Кобул меоранд, босуръат зиёд мешавад, менависад “Фергана” бо истинод ба ВАО-и Афғонистон.

Намояндагони беморхонаи кӯдакони ба номи Индира Ганди изҳор доштаанд, ки шумори кӯдакони бемор, ки аз камхӯрокӣ азият мекашанд, ахиран 50% афзудааст.

“Ахиран шумори беморон зиёд шуд, ки ин ба кори мо таъсир мерасонад, зеро шумори беморон хеле зиёд буда, инчнуин сатҳи маргумир байни кӯдакон боло рафт”, – гуфтааст табиб Фарид-Аҳмад Андишманд.

Зубайда, модари як кӯдаке, ки аз камхӯрокӣ азият мекашад, гуфтааст, пас аз сари ҳокимият омадани гурӯҳи тундгарои “Толибон” ҳамсараш бекор мондааст.

«Кӯдаки ман нуҳ рӯз пеш дар беморхона бистарӣ шуда буд. Мо аз лиҳози иқтисодӣ имкон надорем, ки фарзандонамонро хуб ғизо диҳем. Ман аз боқимонда фарзандонам нигаронам, ки онҳо низ бемор шаванд”, – гуфтааст вай.

Тавре шабакаи телевизионии Ariana News хабар медиҳад, дар наврасони бистаришуда бо сабаби истеъмоли нокофии хӯрок, рангпаридаӣ, заифӣ ва камқувватӣ, мушкилоти нафаскашӣ ва варамҳо ба назар мерасанд, ки дар натиҷаи норасоии ҷиддии маводи зарурии ғизоӣ барои ҷисми дар ҳоли афзоиш қарордошта пайдо мешаванд.

Ба гуфтаи табибон, аксари кӯдаконе, ки барои табобат бистарӣ шудаанд, аз деҳоти Афғонистон ба Кобул меоянд, аммо бо фарорасии фасли зимистон ва боридани барф дар пойтахт, табобат гирифтани кӯдакони вилоятҳо ва дарёфти кумакҳои зарурии тиббӣ мушкилтар мешавад.

Рӯзи 12 ноябр Созмони ҷаҳонии тандурустӣ изҳор намуд, ки то охири соли ҷорӣ дар Афғонистон бар асари камбуди шадиди ғизо дастикам 1 млн кӯдак метавонанд бимиранд. Илова бар ин, тибқи арзёбии ин созмон, то охири сол боз 3,2 млн кӯдаки то 5-сола бар асари норасоии ғизо метавонанд ба азияту беморӣ гирифтор шаванд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“На ҷанг ва на сулҳ”. Пас аз музокироти ноком қадами баъдии Эрону Амрико чӣ хоҳад буд?

Коршиносони тоҷик мегӯянд, Эрон “фишанги дигаре” ҳам дорад, ки агар истифода кунад, таҳдиди ҷиддӣ ба раёсати Доналд Трамп хоҳад шуд.

Дар чанд мактаби Бохтар барномаи “еKhonish” ба кор оғоз кард

Бохтар дуввумин шаҳр дар вилоят аст, ки ба ин барнома прайваст гардид.

Куриё барои таъминоти нерӯи барқ дар Ромит 14 миллион доллар медиҳад

Дар доираи лоиҳа 8 ҳазор сокини ҷамоати Ромит ба барқ дастрасӣ пайдо мекунанд.

“Уқоби тоҷик” дар ҳоли омодагӣ ба парвоз. Қарордоди нави Нурулло Алиев бо UFC

“Уқоби тоҷик” имрӯз дар Амрико ва Тоҷикистон бо машқу тамринҳо машғул аст.

Ҳушдори мақомот аз 4 рӯзи хокбориш дар Тоҷикистон

Барои пешгирӣ аз чангу ғубор чӣ бояд кард?

Чаро нархи шакар дар Тоҷикистон гарон шуд?

Нархи 1 килограмми он ба 12 сомонӣ расидааст.

Пулиси Душанбе: Дар пайи 44 садама дар се моҳ 6 пиёдагард ҷон бохтаанд

Мақомот дар Душанбе амалиёти “Пиёдагард”-ро оғоз кард.