Баррасии тарзҳои инноватсионӣ ва рақамии рушди комплекси агросаноатӣ дар Душанбе

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Имрӯз дар Душанбе истифодаи навгониҳо (инноватсия) ва технологияҳои рақамиро дар комплекси агросаноатӣ баррасӣ мекунанд. Баррасии масъала дар доираи чорабинии “Маҷлиси иқтисодӣ дар Душанбе” (29-30 ноябр) сурат мегирад. Чорабинӣ аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ) созмон дода шудааст.

Иштирокчиёни чорабинӣ, аз ҷумла Лоиҳаи рушди маҷмӯавӣ (комплексӣ)-и рушди ноҳияҳои деҳот (IRDP)-ро, ки дар он мусоидат ба рушди фарогир (инклюзивӣ)-и иқтисоди деҳот баҳри некӯаҳволии мардум (TRIGGER) пешбинӣ шудааст, баррасӣ мекунанд.

Арзиши лоиҳа 29,5 млн евроро ташкил медиҳад, ки 20 млн евро саҳми Иттиҳоди Аврупо ва 9 млн евро – саҳми Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон мебошад.

Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар бахши кишоварзӣ унвон шуда, анҷоми он соли 2024 дар назар аст.

Маҷлиси иқтисодӣ дар Душанбе аз соли 2014 гузаронида мешавад. Ҳадафи он фароҳам овардани замина (платформа)-е мебошад, ки иштирокчиён аз сохторҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, ассотсиатсияҳои тиҷоратӣ ва доираҳои академӣ тавонанд оид ба масъалаҳои муҳими иқтисодӣ озодона мубодилаи афкор дошта бошанд.

Маҷлиси иқтисодӣ-2021 вохӯрии ҳафтум мебошад. Имсол он дар шакли гибридӣ гузаронида шуда, қисмате иборат аз 100 нафар бо ҳузури бевосита ва қисмати дигар – бо таври маҷозӣ (виртуалӣ) дар он иштирок мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...