Таъсиси “Гурӯҳҳои мобилӣ” дар Душанбе баҳри танзими бонизоми ҳаракати воситаҳои нақлиёт

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Ҷиҳати пешгирӣ аз вазъи тамбашавии роҳҳои нақлиётгарди пойтахт, ки аз рӯи мушоҳидаҳо аз ҷониби бархе ронандагони воситаҳои нақлиёт ба таври сунъӣ сохта мешавад, дар доираи чорабинии мақсаднок “Гурӯҳҳои мобилӣ” таъсис дода шуданд.

Тавре Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, давоми 3 рӯзи фаъолия аз ҷониби гурӯҳҳо дар умум 178 қоидавайронкуниҳои ҳаракати роҳ ошкору муайян ва ҳуҷҷатгузорӣ шуд, нисбати ронандагони қонуншикан санадҳои дахлдор таҳия шуданд.

Мувофиқи тартиби нав, “Гурӯҳи мобилӣ” нахуст ҳолати қоидавайронкунӣ расму ба навор гирифта шуда, сипас ронанда тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

“Дар ин давра қоидавайронкуниҳои зерин, аз ҷумла 159 ҳолати таваққуфи нодуруст дар дохили истгоҳи нақлиёти мусофиркашон ва қатори дуюму сеюми роҳи мошингард; 6 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт бо сиёҳшишаи ғайриқонунӣ;  4 ҳолати муқобили самт ҳаракат намудан; 2 ҳолати бе рақами қайди давлатӣ ва бо рақамҳои бегона идора намудан ва 7 адад дигар қоидавайронкуниҳо ба қайд гирифта шуд”, – омадааст дар маълуомти Раёсат.

Гуфта мешавад, “Гурӯҳҳои мобилӣ” бо дастури раҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе барои ошкору муайян ва бартараф намудани қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракати роҳ, аз қабили:

– таваққуф намудан дар қатори дуюму сеюми роҳ;

– бемаврид гузоштани автомашинаҳои шахсӣ дар дохили истгоҳҳои воситаҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ;

– бе иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ идора намудани автомашина бо шишаҳои сиёҳу хира;

– ғайриқонунӣ қисмати пеши автомашинаро сиёҳу хира намудан (наповал);

– идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ;

– дар воситаҳои нақлиёти шахсӣ таҷҳизонидани асбобҳои равшанидиҳанда ва сигналҳои махсуси овозӣ.

Маркази матбуоти милитсияи пойтахт инчунин сурати чанде аз ронандагони қонуншиканро нашр кардааст, ки бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Инчунин Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади тақвияти ҳамкории милитсия бо аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ нахустин «ОЗМУН»-и соҳавии беҳтарин навори видео ё сурати ҳолатҳои қонуншиканиро роҳандозӣ мекунад.

Ҳамаи хоҳишмандон бо ирсоли сурат ё навори видео дар бораи ҳолатҳои қонуншиканӣ тавассути мессенҷерҳои Вотсап, Вайбер, Имо ва Телеграмм бо навиштаҷоти «Барои ОЗМУН» ба рақами +99255 112 02 02 ва суроғаҳои электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе метавонанд дар озмун иштирок кунанд.

Махфӣ будани шахсияти иштирокчиёни озмун кафолат дода шуда, барои ғолибони 3 ҷойи ифтихорӣ маблағи пулӣ муқаррар гардидааст. Аз ҷумла:

– барои ҷои аввал 5 ҳазор сомонӣ;

– барои ҷои дуюм 3 ҳазор сомонӣ;

– барои ҷои сеюм 2 ҳазор сомонӣ.

Муҳлати қабули маводҳо барои «ОЗМУН» то 25 декабри соли 2021 муқаррар карда шуда, ғолибон дар арафаи Соли нави мелодӣ бо маблағҳои пулӣ ва дигар мукофотҳо қадршиносӣ карда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...