Агентии омор: ҳодисаҳои таҷовуз ба номус дар Тоҷикистон бештар шудааст

Date:

Шумори ҳодисаҳои таҷовуз ба номус ва суиқасд ба он дар Тоҷикистон дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 63% афзудааст.

Тавре Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад, давоми моҳҳои январ-октябри соли равон 44 чунин ҳодисаҳо (ҳамин давраи соли 2020 – 27 ҳодиса) дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин шумори содир гардидани чунин ҷиноятҳо низ нисбатан зиёд шудааст: одамрабоӣ (афзоиш – 50%), роҳзанӣ (46%), қаллобӣ (25%), барқасдона расонидани зарари вазнин ба саломатӣ (17%), одамкушӣ ва суиқасд ба он (11%).

Теъдоди ҷиноятҳои иқтисодӣ (порагирӣ, саркашии шахсони воқеӣ аз пардохти андоз ва ғайра) ба андозаи 4,1% афзудааст.

Давоми моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ зиёда аз 20 ҳазор ҷиноят сабт шудааст, ки 5,2% зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2020 мебошад.

Аз ҷумла ҳудуди 4,4 ҳазор ҷиноятҳои вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки 7,4% зиёдтар нисбат ба давраи моҳҳои январ-октябри соли 2020 аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...