“Гурӯҳҳои мобилӣ” қонуншиканиҳои навбатии ҳаракат дар роҳро ошкор карданд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

 “Гурӯҳҳои мобилӣ”-и Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳолатҳои қонуншикании навбатии ҳаракат дар роҳро ошкор карданд.

Тавре маркази матбуоти Раёсат хабар медиҳад, аз ҷумла бар асоси сурати ирсолшуда аз ҷониби яке аз сокинони пойтахт нисбати ронандаи автомашинаи Hyundai (7000ZG01) Ҷамшед Азизов парвандаи маъмурӣ боз шудааст.

Гуфта мешавад, ӯ дар давродаври роҳи сеқабата (эстокада)-и маҳаллаи 82 муқобили самт ҳаракат мекардааст.

Ҳамчунин ба милитсия навори видео фиристода шудааст, ки дар он дида мешавад ронандаи автомашинаи «Тайота камрӣ» (0111ND01) дар ҷойи манъшуда – истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ автомашинаи худро ба таваққуф гузоштааст. Барои ин қонуншиканӣ ронанда Зиёдулло Умаров ҷарима шуда, лекин маблағи ҷарима зикр намешавад.

Ғайр аз ин, милитсияи Душанбе ронандаи автобуси №8 Акмал Ғафуровро бар асоси муроҷиати сокини зани пойтахт дар Facebook аз дағалгуфториаш ҷарима кардааст.

“Ронандаи автобус бар замми ба таври нақдӣ гирифтани маблағи роҳкиро, ҳамзамон саросемавор дари автомашинаро пӯшидааст, ки боиси озори ҷисмонии фарзанди ноболиғи муроҷиаткунанда гардидааст”, – омадааст дар хабари Раёсат.

Аз рӯи ин далел ронандаи дағалрафтор ба маблағи 420 сомонӣ (37,23 доллар) ҷарима шудааст. Ин ҳодисаи дуюмест, ки милитсия ронадаи автобусро пас аз муроҷиати сокинон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҷазо медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирӣ аз вазъи тамбашавии роҳҳои нақлиётгарди пойтахт “Гурӯҳҳои мобилӣ” таъсис дод.

Инчунин чанде пеш Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади тақвияти ҳамкории милитсия бо аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ нахустин «ОЗМУН»-и соҳавии беҳтарин навори видео ё сурати ҳолатҳои қонуншиканиро роҳандозӣ мекунад.

Ҳамаи хоҳишмандон бо ирсоли сурат ё навори видео дар бораи ҳолатҳои қонуншиканӣ тавассути мессенҷерҳои Вотсап, Вайбер, Имо ва Телеграмм бо навиштаҷоти «Барои ОЗМУН» ба рақами +99255 112 02 02 ва суроғаҳои электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе метавонанд дар озмун иштирок кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.