Қирғизистон омаду рафт барои Тоҷикистонро “сабуктар” кард

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Девони вазирони Қирғизистон эълом кард, ки ба тартиби вуруду  хуруҷи шаҳрвандони Тоҷикистон, ба хусус кормандони намояндагиҳои дипломатӣ тағйирот ворид кардааст. Баъди даргириҳои хунини ахири моҳи апрел Девони вазирони ин кишвар бо судури як қарор, сар аз 21-уми май марзҳояшро ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон комилан баста буд.

Бино ба иттилои хабаргузории Akipress, раиси девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов бо имзои як фармон сар аз 1-уми декабри соли 2021 ба фармони қаблан содиркардаи девони вазирони ин кишвар дар 21-уми майи имсол тағйирот ворид кардааст. Ин тағйиру иловаҳо ба хотири ба тартиб даровардани масъалаҳои вуруд, хуруҷ ва будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон, ба хусус кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ дар Қирғизистон ворид карда шудааст.

Ба ин тартиб, ҳамакнун барои аз Тоҷикистон ба Қирғизистон сафар кардани кормандони намояндагиҳои дипломатии Қирғизистону Тоҷикистон, кормандони созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои онҳо дар Қирғизистон, инчунин аъзои оилаи онҳо ҳуҷҷати таъйидкунандаи  хешутаборӣ, аккредитатсия ё шиносномаи дипломатӣ-хизматӣ дошта бошанд, иҷозат дода мешавад. Агар чунин ҳуҷҷатҳо мавҷуд набошад, онҳо метавонанд бо дархости  Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон иҷозаи вуруд ба ин кишварро дарёфт кунанд.

Дар тартиботи қаблӣ ба ин гурӯҳ танҳо тавассути пешаки огоҳ кардани Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон барои омадану рафтан, иҷоза дода мешуд.

Инчунин аз Тоҷикистон донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимии Қирғизистон таҳсил мекунанд ё омӯзгороне, ки кор мекунанд, дар асоси мактуби пешакии пешниҳодшуда ё худ бо дархости Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон ба Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, иҷозаи вуруд дода мешавад. 

Оғози моҳи май раиси қаблии девони вазирони Қирғизистон Улуғбек Марипов гуфта буд то ҳалли баҳсҳои марзӣ равуои марзӣ бо Тоҷикистонро  комилан қатъ мекунанд. Баъди ин қарори Девони вазирон Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ бо судури як қарор аз шаҳрвандони кишвар хост аз рафтани ба Қирғизистон ва кишвари сеюм тавассутини Қирғизистон худдорӣ кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...