Амрико ба ягона мактаб барои шаҳрвандони Афғонистон дар Тоҷикистон $80 ҳазор медиҳад

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Созмони хадамоти шаҳрвандии “Spirit of America” дар якҷоягӣ бо сафорати ИМА дар Тоҷикистон барои ягона мактаби афғонӣ дар Тоҷикистон “Сомониён” 80 ҳазор доллари амрикоӣ медиҳад. Дар ин бора масъулини сафорати Амрико дар Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Манбаъ гуфт, ин маблағ барои як сол ҷудо шудааст ва он бо дархости таълимгирандагони мактаби “Сомониён” ҷудо шудааст.

Гуфта мешавад, ки имрӯз, дар ин мактаб дар Душанбе  беш аз 450 донишомӯзи то синфи ёздаҳ таҳсил мекунанд ва он ягона мактабест дар Тоҷикистон, ки таълим дар он тариқи барномаҳои таълимии Афғонистон ва бо  забони дарӣ пешниҳод мешавад.

Дар ин мактаб фарзандони муҳоҷирин, паноҳандагон ва шаҳрвандони дигари Афғонистон, ки муқими Тоҷикистон ҳастанд, таҳсил мекунанд.

Мактаби мазкур, ки ба дунболи фурӯпошии давлати Афғонистон ва ба сари қудрат омадани “Толибон” дар хатари баста шудан қарор дошт, борҳо муҳассилини он дар бораи мушкили молии худ шикоят карда буданд.

Маблағи ҷудомешудаи созмони “Spirit of America” хароҷоти иҷора, ҳамлу нақли донишомӯзон, харидории мебел, таъмири ҷузъӣ ва дастрасӣ ба интернетро пардохт мекунад.

“Мо бо ифтихор беш аз 80000 долларро сармоягузорӣ мекунем, то итминон ҳосил кунем, ки беш аз 450 кӯдаки овораи Афғонистон ба таълими босифат дастрасӣ доранд ва метавонанд бо руёҳо ва орзуҳои мушобеҳи соири писарону духтарон дар саросари ҷаҳон рушд кунанд”, – гуфтааст Ҷим Ҳек мудири иҷрояи созмони “Spirit of America.”

Моҳи сентябри соли ҷорӣ хабар нашр шуд, ки ягона мактаби афғонӣ дар Тоҷикистон ба мушкили молӣ рӯ ба рӯ шудааст. Дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳири Ағбар дар ин робита изҳор дошт, ки “мардуми Афғонистон ва масъулини ин кишвар дар ҳар гӯшаву канори дунё, ки ҳастанд ҳамдигарро кӯмак мекунанд ва мактабе, ки дар Тоҷикистон бо номи Сомонӣ вуҷуд дорад, ҳеҷ беимконот намемонад ва ба ҳар қиммате набошад, авлавият медиҳем, ки онҷо фарзандони Афғонистон дарс хонанд”.

“Мо кӯшиш мекунем барои онҳо заминаи дарс хонданро дар ин кишвар мусоид созем”, – таъкид карда буд сафир.

Сафорати ИМА мегӯяд, Амрико бузургтарин донори кумакҳои башардӯстона дар Афғонистон ва ба паноҳҷуёни афғон дар минтақа боқӣ мемонад, ки дар соли гузаштаи наздик ба 474 миллион доллар ба ин кишвар кумаки башардӯстона ирсол кардааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...