Парвозҳои пайвастнамоии “Сомон Эйр” ба Корея ва баргашт аз он ҷо

Date:

Дар Душанбе дар доираи иқдомҳои рушди сайёҳӣ миёни ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ва ширкати "Hans Biotech" Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамлу нақли ҳавоӣ ва пайвастнамоии хатсайрҳо барои сафари қулайи шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Корея ва шаҳрвандони Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.

Тавре ки дар саҳфиаи Ширктаи “Сомон Эйр” дар Facebook хабар дода мешавад, санади мазкурро аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" директори генералӣ Суҳроб Ҷӯраев ва аз ҷониби ширкати «Hans Biotech» муассиси он Бекхи Хан ба имзо расониданд.

Тибқи шартҳои Ёддошти ҳусни тафоҳум ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Тошканд-Душанбе ба таври мунтазам ва ҳамчунин дар заминаи дархостҳои алоҳида роҳандозӣ менамояд ва Hans Biotech ӯҳдадор аст парвозҳоро бо хатсайри Тошканд-Сеул-Тошканд тавассути хатсайрҳои мунтазам ва чартерии ширкати ҳавопаймоии “Asiana Airlines” ташкил намояд.

Тавре интизор меравад, иҷрои парвозҳо дар масири пайвастшаванда баҳори соли 2022 шурӯъ мешаванд.

“Ба шарофати тасмимҳои ҳукуматҳои ду давлат муносибатҳои дӯстона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея боз ҳам қавитар мешаванд ва мо аз имзои Ёддошт хеле хушнудем, зеро ин ҳамкорӣ имкони густариши равобити дуҷонибаро тавассути хатсайрҳои васлшаванда фароҳам меорад”, – иброз доштааст Суҳроб Ҷӯраев.

Директори генералии ширкат ҳамчунин илова намудааст, ки зиёда аз ин, дар заминаи созишномаҳои код-шерӣ ва интерлайнӣ ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” метавонад шабакаи парвозҳои худро тавсеа дода, мусофирони бештареро фарогир бошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...