Соли 2022 қурби сомонӣ нисбат ба доллар поин меравад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Мутахассисони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) поинравии қурби пули миллии Тоҷикистонро нисбати доллари амрикоӣ дар соли 2022 пешгӯӣ мекунанд.

Онҳо зикр мекунанд, ки устувории начандон зиёди сомонӣ нисбат ба доллар, ки тирамоҳи соли ҷорӣ ба мушоҳида расид, ба бемайлон поинравии он дар соли 2022 иваз мешавад.

“Дар акси ҳол, устувории воқеии пули тоҷикӣ дар шароити бештар болоравии таваррум нисбат ба давлатҳои шарики тиҷоратӣ, метавонад ба вазъи тавозуни пардохти кишвар таъсири манфӣ расонад”, – гуфта мешавад дар дурнамои навшудаи БАОР.

Таҳлилгарони БАОР коҳиши қурби сомониро дар баробари доллар тайи ду соли оянда ба андозаи 4,5% пешбинӣ мекунанд: аз 11,29 сомонӣ то 11,80 сомонӣ барои 1 доллар.

Арзи миллии тоҷикӣ пас аз тасҳеҳи қурб рӯзи 4 ноябри соли гузашта аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, устуворона дар як сатҳ қарор гирифта, ҳатто каме болотар рафт: аз 11,30 сомонӣ рӯзи 4 ноябри соли 2020 то ба 11,29 сомонӣ дар имрӯз барои 1 доллар.

Устувории асъори тоҷикиро мутахассисон чунин шарҳ медиҳанд, ки аз ҳисоби фурӯши фулузот (металлҳо)-и қиматбаҳо касри тавозуни савдои ҷумҳурӣ коҳиш ёфта, агар солҳои пешин воридот нисбат ба содирот доимо 3 баробар зиёдтар буд, пас имсол ин фарқият то 2 баробар камтар шуд.

Хазинаи байнулмилалии асъор доллари ИМА, евро, фунт стерлинг, франки швейтсарӣ, йена ва юанро асъори ҷаҳонии захиравӣ эътироф кардааст. Хазина чунин нишондиҳандаҳоро ба назар мегирад: сатҳи рушди иқтисод ва устувории вазъи молиявӣ дар кишвар.

Ҳамчунин сабаби устувории пули миллии Тоҷикистон ба устувории рубли Русия нисбат ба асъори ҷаҳонии захиравӣ бар асари болоравии нархи нафт маънидод мешавад.

Қобили зикр аст, ки пули миллии Тоҷикистон – сормонӣ бинобар сабаби робитаҳои зичи тиҷоративу иқтисодии байни кишварҳо таҳти таъсири рубли Русия қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...