Аз 60 ба 180 $ млн: Дар ду моҳ содирот миёни Тоҷикистону Эрон аз буҳрон ба рекорд расидааст

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дар ду моҳи гузаштаи октябр ва ноябри имсол ҳаҷми додугирифт миёни Эрон ва Тоҷикистон аз 60 то ба 180 миллион доллари амрикоӣ афзоиш ёфтааст. Дар ин бора Меҳдӣ Сафарӣ, муовини вазири хориҷии Эрон дар мусоҳиба бо ширкати Садо ва симои ин кишвар хабар додааст.

Меҳдӣ Сафарӣ ҳамчунин, аз чанд лоиҳа, ки маблағи умумиашон 350 миллион долларро ташкил медиҳад, иттилоъ дода, изҳори боварӣ кардаст, ки дар сурати амалӣ шудан он боиси рушди бесобиқаи нишондодҳои додуситади миёни ду кишвар мешавад.

– Дар ду моҳи ахир ҳаҷми содирот ба Тоҷикистон аз 60 то ба 180 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Ба Тоҷикистон асосан мошинолот содирот шуд,- гуфтааст муовини вазири хорҷии Эрон.

Сафарӣ, ҳамчунин, зикр кардааст, ки дар ин муддат онҳо талош карданд, ки даҳлезҳои иқтисодии кишварҳои ҳамсоя ва шарик ба Бандар Аббоси ва бандари Чобаҳор муттасил шавад ва ба ин манзур бо вазорати нақлиёт ва тиҷорати ин кишварҳо комиссияҳои муштарак ташкил шудааст.

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар робита ба афзоиши додугуруифт миёни ду кишвар дар ду моҳи охир баи “Азия-Плюс” гуфтанд, ки давоми рӯз ин арқому доду ситад бо Эронро пешниҳод хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Эрон дар 10 моҳи соли равон (январ-октябр) наздики 75 млн доллари амрикоир ташкил додааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 1,7 баробар зиёд мебошад. Ҳамин тариқ, дар ин давра аз Тоҷикистон ба Эрон ба маблағи беш аз 15 млн доллари ИМА молу маҳсулот содир шуда,  қариб 60 млн доллари аз Эрон ба Тоҷикистон молу маҳсулот ворид шудааст.

Эрон дар баробари як кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг бо Тоҷикистон, ҳамчунин яке аз умдатарин шарикони иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад. Яке аз тарҳҳои бузургтарини Эрон дар Тоҷикистон ин нақби “Истиқлол” аст, ки  маркази Тоҷикистонро бо шимоли он мепайвандад, Эрон онро бо харҷи бештар аз 60 миллион доллар ва дар муддати 3 сол сохт. Онро соли 2006 бо ҳузури Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури вақти Эрон ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба баҳрабардорӣ супурданд.

Вале дар соли 2013  дар пайи зиндонӣ шудани Бобаки Занҷонӣ, сармоягузори эронӣ ва манъи фаъолияти ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом, ки Тоҷикистон Эронро пуштибонӣ он ном бурд, муносибати ду кишвар сард шуд ва мизони додугирифт миёни онҳо низ якбора коҳиш ёфт.

Агар дар соли 2013 ду кишвар ба маблағи беш аз 292 миллион доллар додугирифт карда бошанд, соли гузашта ин рақам баробари 57,7 миллион доллари амрикоӣ шуд. Аз ин маблағ 9,4 млн ба содирот ва 48,4 млн доллар ба воридоти мол аз Эрон рост меояд.

Ҳамин тариқ, шурӯъ аз соли 2020 гармшавии ғайриинтизори равобити Тоҷикистону Эрон ба чашм хӯрд ва то ин дам аллакай вохӯриҳои сатҳи баланд низ баргузор гардид. Аз ҷумла, зимни сафари президенти Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ба Душанбе 18 сентябр байни Тоҷикистону Эрон 8 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд.

Ҳамчунин, барои афзоиши савдои дуҷониба байни давлатҳо пешниҳод шуда буд, ки Барномаи дарозмуҳлати ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни Тоҷикистону Эрон таҳия ва қабул шуда, Палатаи муштараки савдо ва саноат, инчунин Шӯрои муштарак оид ба сармоягузорӣ таъсис дода шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...