Дар Бохтар барои муҷассамаи нави Бобоҷон Ғафуров ҷой намеёбанд

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Шаҳрдории Бохтар баъди аз нав омода кардани муаҷассамаи  академик Бобоҷон Ғафуров, муаллифи китоби маъруфи "Тоҷикон" мехоҳад онро дар ҷойи дигари шаҳр насб кунад. Аммо то кунун ҷойи мувофиқе барои насби муҷассамаи ин Қаҳрамони Тоҷикистон пайдо накардаанд.

Муҷассамаи Бобоҷон Ғафуров аз нимаи солҳои 90-уми асри гузашта дар кӯчаи Бобоҷон Ғафуров, назди бинои шаҳрдорӣ ва кохи “Ватан”-и шаҳри Бохтар  насб шуда буд. Пас аз он аз сӯйи коршиносон сифати муҷассама ва мутобиқ набуданаш ба меъёрҳои муҷассамасозӣ эрод гирифта шуд, шаҳрдори Бохтар ба хулосае омад, ки муҷасамаи Бобоҷон Ғафуровро аз нав бисозад.

Ёдовар мешавем, ки муҷасамаи қаблиро Рассоми халқии Тоҷикистон, роҳбари Бунёди бадеии шаҳри Бохтар Раҳимҷон Ҳамдамов сохта буд, ки ба Бобоҷон Ғафуров кам монандӣ дошт.

Ба гуфти сардори идораи сохмтонҳои асосии шаҳри Бохтар Комрон Гулов, тибқи як қарори раиси шаҳр барои сохтани муҷасамаи нави Бобоҷон Ғафуров аз буҷаи шаҳр  170 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.

“Муҷасамаи нави Бобоҷон Ғафуровро дар Бунёди рассомии шаҳри Душанбе фармоиш додаем ва онро ҳайкалтарош Алиҷон Чоршанбеев омода кард. Муҷасама алакай моҳи сентябри соли ҷорӣ ба Бохтар оварда шудааст ва мувоифқи нақша бояд дар соли 2022 онро дар ҷойи нав васл кунем", – гуфт дар як суҳбати телефони ба "Азмя-Плюс" сардори идораи сохтмони шаҳр.

Ин дар ҳолест, ки Валиҷон Ятимзода, сармеъмори шаҳри Бохтар мегӯяд, барои васли муҷасамаи Бобоҷон Ғафуров шаҳрдорӣ ҷойи наву мувофиқеро ҷустуҷӯй дорад.

“Ҷои қаблии муҷасама то андозае номувофиқаст ва гулгашт надорад. Роҳбарияти шаҳр мехоҳад муҷасамаро дар ҷойи нав гузорад ва як гулгаште ташкил кунад. Ҳоло ду пешниҳод баррасӣ шуда истодааст. Яке таваққуфгоҳи театри вилоятии ба номи Ато Муҳамадҷонов ва дигаре ҳудуди теппаи Қӯрғон. Ин пешниҳодҳо бо роҳбарияти вилоят баррасӣ мешавад ва яке аз ин ду бояд қабул шавад. Мо ангораҳои ҳарду пешниҳодро омода карда истодаем ва дар рӯзҳои наздик барои баррасии раиси шаҳр ва вилоят ирсол мекунем”, – гуфт Валиҷон Ятимзода.

Амо як манбаъ аз шаҳрдории Бохтар қаблан ба "Азия-Плюс" гуфта буд, ки болои теппаи Қӯрғон муаҷасамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ва чойхонаю осорхона сохта мешавад. 

Ба гуфти баъзе аз манбаҳои огоҳ, замини пушти муҷасамаи кунунии Бобоҷон Ғафуровро соҳибкоре гирифтааст ва онҷо шояд иншоотҳои дигар сохта шавад. Ҳамчунин Кохи ватан (собиқ кинотеатри Ватан) низ аз байн бурда мешавад.

Масъалаи кӯчонидан ва аз нав сохтани муҷасамаи Бобоҷон Ғафуровро ҳанӯз январи соли 2017  Амируллои Асадулло, шаҳрдори собиқи Бохтар дар як нишасти матбуотияш ба миён гузошта буд. Шаҳрдори собиқ гуфта буд, ки ҳам худи муҷасама ба талабот ҷавобгу нест ва ҳам ҷояш мувофиқ нест.

Ҳоло бо гузашти 4-сол роҳбарони шаҳр натавонистаанд ҷойи мувофиқеро  барои насби муаҷасамаи Қаҳрамони Тоҷикистон пайдо кунанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...