Дар Душанбе маросими тақдими ҷоизаҳои мусиқии Tarona Music Award баргузор шуд

Date:

Дар толори  “Кохи Суруш” 11 декабр рӯйдоди асосии мусиқии сол – маросими тақдими ҷоизаҳои Tarona Music Award баргузор шуд.

Дар ин маросими 16 нафар сарояндагони маъруфу боистеъдод таронаҳои миёни мардум писандидаи худро пешкаш карданд.

Мо ҳама ин рӯйдодро хеле интизор будем ва беҳуда ҳам не. Ҳунарнамоии ҳар кадоме аз сарояндагонро аҳли толор самимона истиқбол карданд.

Таронаҳои беҳтарин натанҳо тибқи интихоби радиои “Азия-Плюс”, балки бар асоси радабандиҳо ва шумори тамошову гӯш андохтан дар майдонҳои гуногуни интернет интихоб шуданд.

ГАЛЛЕРЕЯ (16)
















Дар натиҷа чунин таронаҳо беҳтарин дониста шуданд:

Нигина Амонқулова – «Фиребо»

Ҷонибек Муродов – «Худо ҳаст»

Сафармуҳаммад – «Нокуҷо»

Шабнами Сурайё – «Бизан дутора»

Меҳрнигори Рустам – «Рав»

Дамирбек Олимов – «Омадӣ»

Валиҷон Азизов – «Саробе»

Мубориз Усмонов – «Меравӣ»

Мадина Акназарова – «Афсӯс»

Хуҷастаи Мирзовалӣ – «Ёрам, иҷозат деҳ»

Чоршанбе Аловатов – «Медонӣ ё не»

Мино Баҳриллоева – «Мастам»

Гурӯҳи «Шамс»

Гурӯҳи «Авеста»

Гурӯҳи «Парем»

Фарзонаи Хуршед – «Ҷома норинҷӣ»

ГАЛЛЕРЕЯ (28)




























Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ба муносибати 25-умин солгарди таъсисёбии расона ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷоизаи мусиқии худро дубора эҳё намуд. Аввалин маросими “Суруди сол”и навшуда зери тамғаи муаллифии «Tarona music award» хеле ҷолибу хотирмон доир гардид.

Оянда боз пуршукӯҳтар хоҳад шуд!…

Шарики кулл – OJSC "Orienbank"; Шарики расмӣ – Мармарӣ; Шарики эстетикӣ – Promoitalia Dushanbe; Шарики тиллоӣ – “Тоҷик Кристалл”; Шарики суғуртавӣ – Асри 21; Шарики сармоягузорӣ – Fiftyfive Group; Шарики комфорт – Impero Home; Шарики саломатӣ – ReO, шарики иммунитет –  @Alhadaya Tajikistan, шарики Маросим – Sooroosh Media, шарики afterparty – Ресто-клуб LOFT ва Шарики таъмини бехатарӣ – “Барс”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...