Идораи роҳи оҳан: “Тоҷикистон ба азсаргирии равуои қаторҳо бо Русия омода аст”

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

“Тоҷикистон худи ҳозир омода аст, ки равуои қатораҳоро бо Русия бо риояи тамоми талаботи беҳдоштӣ барқарор созад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Анвар Латифзода.

Лекин, ба қавли ӯ, ҳоло дар бораи барқарор шудани хатсайрҳои мусофирбар тариқи роҳи оҳан сухан намеравад.

“Умедворем, ки ояндаи наздик он барқарор мешавад. Бо боз шудани сарҳадҳои заминӣ мо омодаем, ки хатсайрҳоро барқарор кунем”, – гуфт Латифзода.

Сухангӯи корхона зикр кард, ки баъди боздошта шудани хатсайрҳои мусфирбар тариқи роҳи оҳан бисёре аз кормандони корхона ба рухсатии бемузд фиристода шуданд.

“То боздошта шудани хатсайрҳо ба Русия дар КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” 1 ҳазору 400 роҳбаладон кор карда, баъди баста шудан қисмати зиёди онҳо ба рухсатии бемузд фиристода шуданд. Вазъият бо дигар коргарон низ чунин аст”, – мегӯяд вай.

Ба гуфтаи Латифзода, айни замон танҳо қатораҳои боркаш равуо мекунанд.

“Маҳдудият танҳо ба қатораҳои мусофирбар дахл дорад. Ҳозир аз Тоҷикистон бемалол ба Русия фиристодани мошин, маҳсулот ва дигар борҳо имконпазир мебошад”, – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр шуд, ки хатсайрҳои чартерӣ низ бо хатсайри Тоҷикистон-Русия пешбинӣ нашудааст. “Ҳоло чунин хатсайрҳо ба нақша гирифта нашудааст, чунки шаҳрвандон талабот надоранд”, – афзуд Латифзода.

Ёдрас мекунем, ки равуои қатораҳои мусофирбар байни Тоҷикистону Русия дар пасманзари пандемияи коронавирус аз 16 марти соли 2020 боздошта шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...