“Северный ветер” дар масири Екатеринбург-Бохтар-Екатеринбург парвозҳоро роҳандозӣ кард

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии “Северный ветер”-и Русия аз фурудгоҳи Колтсовои шаҳри Екатеринбург ба шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) парвозҳои мустақими доимӣ роҳандозӣ кард. Парвози аввал рӯзи 15 декабр ба нақша гирифта шудааст.

Парвозҳо рӯзи чоршанбеи ҳафта бо ҳавопаймои Boeing 737-800, ки ғунҷоишаш 189 нафар мусофир аст, анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз 3 соату 25 дақиқа аст, хабар медиҳад дафтари матбуоти фурудгоҳи Колтсово.

Қаблан парвозҳо аз Екатеринбург ба Қӯрғонтеппа (Бохтар) соли 2014 аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии East Air иҷро карда мешуданд.

Дар сомонаи ширкат арзиши билет аз Екатеринбург то Бохтар зикр шудааст. Ба парвози аввал он 10 ҳазору 154 рубл (1 ҳазору 555 сомонӣ) ва ба самти бозгашт – 15 ҳазор рубл (2 ҳазору 298 сомонӣ) нарх доранд.

Нархи чиптаҳо ба хатсайрҳои минбаъда  аз 15 ҳазор рубл (2 ҳазору 298 сомонӣ) – Екатуринбург-Бохтар ва самти бозгашт аз 12 ҳазору 494 рубл (1 ҳазору 914 сомонӣ) оғоз мегардад.

Гуфта мешавад, имрӯз аз Колтсово боз бо се шаҳри Тоҷикистон – Хуҷанду Кӯлоб ва Душанбе хатсайри мустақими мусофирбари ҳавоӣ боз шудааст.

“Ҳамаи мусофирони ба Тоҷикистон воридшаванда бояд маълумотномаи ПСР бо натиҷаи манфии тест аз COVID-19 пешниҳод намоянд, ки на дертар аз 72 соат пеш аз убури сарҳад гирифта шуда бошад. Барои кӯдакони то сесола маълумотнома талаб намешавад”, – зикр мегардад дар хабар.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...