Қатар дар Душанбе иншооти варзишӣ месозад

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода рӯзи 14 декабр бо сафири Давлати Қатар дар Тоҷикистон Иброҳим ибни Муҳаммад Ал-Абдулло мулоқот кард.

Тавре КМО ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ Аҳтам Абдуллозода аз робитаҳои дӯстонаи ду давлат дар ҳамаи самтҳо, ки бо шарофати роҳбарони кишварҳо амалӣ мегардад, изҳори қаноатмандӣ намуд.

Гуфта мешавад, Иброҳим ибни Муҳаммад Ал-Абдулло низ дар навбати худ робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қатарро тавсиф намуд, аз ҷумла робитаҳои кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистону Қатар, ки дар асоси Ёддошти тафоҳум ба роҳ монда шудааст.

“Дар мулоқот масъалаҳои дигари ҳамкорӣ, аз ҷумла сохтмони як иншооти варзишӣ барои варзиши сабук дар шаҳри Душанбе, ба роҳ мондани машқҳои дастаҷамъии дастаҳои мунтахаби ҳар ду кишвар дар Қатар ва Тоҷикистон баррасӣ гардиданд”, – омадааст дар хабари маркази матбуоти Кумита.

Дар фарҷом Иброҳим ибни Муҳаммад Ал-Абдулло ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон китоби роҳнамои Бозиҳои Осиё-2030 ва Абдуллозода ба ҷаноби сафир туҳфаи хотиравӣ тақдим карданд.

Зимнан зикр мегардад, ки Давлати Қатар дар чанд соли охир иқдомҳои бузургро дар соҳаи варзиш рӯи даст гирифт. Аз ҷумла соли оянда давлати Қатар мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ва соли 2030 мизбони Бозиҳои Осиё хоҳад буд, ки як такони ҷиддӣ дар рушди варзиши минтақа ва ҷаҳон хоҳад шуд.

Давлати Қатар қаблан низ ба сохтмони иншшот дар пойтахти Тоҷикистон, аз ҷумла бинои масҷид дар Душанбе маблағгузорӣ кардааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...