Духтари Эмомалӣ Раҳмон – сафири нави Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як фармон Рухшонаи Эмомалӣ, яке аз духтаронашро дар Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ сафир таъйин намудааст. Рухшона то ин вақт дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кор мекард.

Матни таъйини Рухшонаи Эмомалиро шоми имрӯз, 15 декабр сомонаи расмии президенти Тоҷикистон дар баробари дигар тағйиротҳои кадрӣ нашр намуд.

Рухшонаи Эмомалӣ дар ин мансаб Масуд Халифазодаро иваз кард. Дар фармони Халифазода сабаби барканории ӯ “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” дарҷ шудааст.

Рухшонаи Эмомалӣ, яке аз ҳафт духтари раисҷумҳури Тоҷикистон мебошад, ки собиқаи кор дар мақомоти корҳои хориҷии кишварро дошт ва номи ӯ қаблан дар феҳрасти мақомдорони Вазорати корҳоии хориҷии Тоҷикистон, ба ҳайси ноиби сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии ин вазорат зикр шуда буд.

Гуфта мешавад, ки Рухшона Эмомалӣ ҳамсари Шамсулло Соҳибов, молики ширкати маъруфи "Фароз" аст. Қаблан Рухшона дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Британияи Кабир фаъолият дошт. Дар Лондон Рухшона ҳамроҳи ҳамсараш Шамсулло Соҳибов, намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Британия зиндагӣ дошт.

Соли 2017 Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз рӯнамоии китоби "Асосҳои хизмати дипломатӣ" хабар дода буд, ки муаллифи он Рухшона Эмомалӣ буд.

Дар Вазорати корҳои хориҷии кишвар қаблан, духтари дигари Эмомалӣ Раҳмон, раиси кунунии Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур – Озода Раҳмон, низ кор мекард. Ӯ дар ин вазорат ба унвони сардори сарраёсати консулӣ, муовин ва муовини аввали вазир кор мекард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...