Мадина Мамадҷонова баъди сеюним моҳи беҳушӣ даргузашт

Date:

Мадина Мамадҷонова, баъди сеюним моҳӣ беҳушӣ дар беморхонаи Қарияи Боло даргузашт.  Даргузашти ӯро вакили мудофеяш Оқил Сангов ба "Азия-Плюс"  таъйид кард.

Ба гуфтаи Сангов, Мадина ним соат пеш даргузашт ва ҷасадаш то ҳол дар бемористон аст.

Даргузашти Мадина дар ҳолест, ки дирӯз Додгоҳи олӣ Парвиз (Лутфулло) Давлатов яке аз гумонбарони қазияи “паврвандаи Мадина”-ро ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора яке аз наздикони ӯ ба “Азия- Плюс” хабар дода буд.

“Ӯро додгоҳ бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста ба 8 соли зиндон ҳукм кард. Аммо бар асоси татбиқи шудани Қонуни афви моҳи сентябр ҳукми ӯ то 5 солу 4 моҳ кам карда шуд”, – гуфт манбаъ.

Пештар хабар дода шуда буд, ки нисбати ӯ бо се моддаи Кодекси ҷонятии ҶТ – "азобу уқубат", "бисёрзанӣ", "расонидан ба худкушӣ" параванда боз шудааст. Додситонии куллии Тоҷикистон ҳам дар як посухи катбӣ ба "Азия-Плюс" таъйид карда буд, ки алайҳи ӯ бо се моддаи кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, муҳокимаи гумонбари асосии латукӯби Мадина Мамадҷонова ҳамсари Парвиз –  Азиза Давлатова идома дорад ва ҳукми додгоҳ содир нашудааст.  Алайҳи Азиза Давлатова танҳо бо як моддаи кодекси ҷиноятӣ – сӯйиқасд ба худкушӣ парванда боз шуда буд, ки акнун баъди даргузашти Мадина, эҳтимол дорад ба моддаи куштор иваз шавад.

“Қазияи Мадина”

Қазияи Мадина Маҳмадҷонова, ки сеюним моҳ дар кома ё ҳолати беҳушӣ қарор дошт, яке аз парвандаҳои пурсарусадо дар як соли охир ба шумор меравад, ки ба он раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳ карда буданд.

Мадина Мамадҷонова 25 августи соли равон ғайб зада, баъди 14 соат бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфта буд. Пизишкон гуфта буданд, ки эҳтимол ӯро нафасгир кардаанд ва аз нарасидани ҳаво мағзи сараш осеб дидааст.

Охири моҳи октбяр фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба унвони раиси шаҳри Душанбе, додситони кулл ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиатнома навишта, хостори одилона тафтиш шудани парвандаи Мадина шуда буданданд.

Рустами Эмомалӣ «парвандаи Мадина»-ро таҳти назорати шахсӣ гирифта, бо дастури ӯ Додситонии кул ва Вазорати умури дохила ба санҷиши дубораи ҳолати кор оғоз карданд.

Рӯзи 1 ноябри соли равон Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ хабар дод, ки нисбати Азиза Давлатова ва шавҳараш Лутфулло Давлатов, ки ба латукӯби Мадина Мамаҷонова гумонбар дониста мешаванд, парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Аввалӣ барои қасди одамкушӣ ва дуввумӣ барои азобу уқубат ба ҳабс гирифта шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...