Туркманистон роҳҳояшро барои Тоҷикистон боз мекунад

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Интизор меравад рӯзҳои наздик байни Туркманистону Ӯзбекистону Тоҷикистону Чин ва баръакс даҳлези чандваҷҳа (мултимодалӣ)-и интиқоли борҳо ташкил шавад. Дар ин бора имрӯз, 15 декабр вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим дар ҳузури вакилони парлумон хабар дод.

Номбурда гуфт, ки дар ин росто, аллакай чанд вохӯрии маҷозии коршиносони кишварҳо доир гардид ва вохӯрии ҳузурии ҷонибҳо рӯзҳои наздик дар Душанбе мегузарад.

– Интиқоли мултимодалии борҳо тавассути роҳи оҳан аз Туркманистон то ба истгоҳи роҳи оҳани Кӯлоби Тоҷикистон ва сипас тавассути роҳи автомобилгард ба Хитой дар назар аст. Иқтидорӣ истгоҳи роҳи оҳани Кӯлоб дар як шабонарӯз тахминан 3 ҳазору 600 тоннаро ташкил медиҳад,-гуфт Азим Иброҳим.

Вазири нақлиёти кишвар ҳамчунин, дар назди вакилон созишнома дар мавриди ҳамлу нақл, транзити мол ва мусофирон байни Тоҷикистону Туркманистонро муаррифи кард, ки дар асоси он муносибат дар соҳаи нақлиёти ду кишвар пурра барқарор мешавад.

Ӯ гуфт, созишнома аз лиҳози иқтисодӣ ва сиёсӣ манфиатовар буда, он бо мақсади барқарор шудани муносибатҳо дар соҳаи нақлиёт ва рушди иқтисодиёти ҳарду кишвар амалӣ мегардад.

– Тарафҳо уҳдадоранд, ки бо мақсади густариши дуҷониба дар соҳаи нақлиёт, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои ҳамлу нақли байналмилалӣ ва транзит, барои беҳтари намудани роҳҳо ва шоҳроҳҳо, таъмини марказҳои хизматрасонӣ ва бехатарии ҳамлу нақл чораҳои заруриро андешанд,-зикр кард вазири нақлиёт.

Гуфта шуд, ки интиқолдиҳандагони ватаниву хориҷӣ тавассути ҳудуди Туркманистон асосан интиқоли борро ба/аз самтҳои Эрон, Туркия, Озорбойҷон ва Гурҷистон анҷом медиҳанд.

Ба гуфтаи Азим Иброҳим бо қабули созишномаи мазкур имконият фароҳам мешавад, ки молу маҳсулоти Тоҷикистон бо истифода аз бандари “Туркмонбошӣ” тавассути Баҳри Каспий ба кишварҳои Аврупӣ роҳ ёбанд.

– Аз тарафи дигар масири нақлиёти тавассути ҳудуди Туркманистон масири кутоҳтар ва мусоид барои анҷом  додани ҳамлу нақли байналмилалӣ ва интиқоли мултимодалӣ маҳсуб меёбад,- гуфт вазири нақлиёти Тоҷикистон.

Тоҷикистону Туркманистон, ду кишвари Осиёи Марказӣ моҳи октябри соли 2017 шарики стратегӣ шуданд. Чанд моҳ нагузашта дар равобиташон сардӣ эҳсос шуд. Ашқобод монеи гузаштани мошинҳои борбар ва вагонҳои Тоҷикистон аз қаламраваш мешуд. Дар ин муддат сабаби сардии рафтори ҷонибҳо фош нашуд. Мақомоти Тоҷикистон чанд дафъа гуфтанд, ки барои фаҳмидани асли қазия ба Ашқобод нома фиристоданд, вале ҷавобе нагирифтанд.

Моҳи августи соли равон дар пайи сафари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон ва мулоқоташ бо ҳамтои тукрманаш зоҳиран ин ду кишвар ба "ҷанг"-и пинҳонии сесола поён бахшидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...