Қочоқи маводи сӯзишворӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон идома дорад?

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Сокинони як деҳаи Қирғизистон, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад аст, корвони мошинҳои боркаши сӯзишвориро дар видео наворбардорӣ намуда, тахмин кардаанд, ки ин қочоқи маводи сӯзишворӣ аст. Хадамоти марзбонии Қирғизистон ин навори видеоро шарҳ додааст.

“Хабар ва навори видеои рӯзи 14 декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда дар бораи он, ки гӯё мошинҳои боркаш аз Қирғизистон ба Тоҷикистонро тариқи қочоқ маводи сӯхт интиқол медиҳанд, асоси воқеӣ надоранд”, – хабар додааст Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.

Бино ба маълумоти Хадамоти марзбонӣ, мошинҳои боркаши маводи сӯхт ба анбори нафти Қирғизистон тавассути роҳи кӯтоҳтар омадаанд.

“13 декабр 7 мошии боркаши маводи сӯхти ҶСК «Кыргызнефтегаз» ба деҳаи Аркаи ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд омаданд. Бо мақсади кам шудани вақти интиқоли мавод аз деҳаи Арка ба филиали ҶСК "Кыргызнефтегаз" дар Қучқор-Ота,  онҳо бо роҳи Ботканд-деҳаи Самарқандек-маҳаллаи аҳолинишини Маргун ба анбори нафт раҳсипор шуданд”, – изҳор мекунад Хадамоти сарҳадбонии КДАМ Қирғизистон.

Ёдрас мекунем, ки пас аз муноқишаи мусаллаҳона дар минтақаҳои наздисарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон, кишвари ҳамсоя якҷониба сарҳадҳояшро баст.

Соли равон нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба таври назаррас боло рафт. Ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ ба ҷумҳурӣ изҳор намуданд, ки ба болоравии нарх баста шудани сарҳад бо Қирғизистон боис гардид, ки аз он ҷо ҳаҷми зиёди маводи сӯзишворӣ тариқи қочоқ интиқол дода мешуд.

Ширкатҳои таҳвилгаре, ки маводи сӯзишвориро қонунӣ аз Русия ва Қазоқистон ба Тоҷикистон ворид мекунанд, ҳанӯз моҳи март шикоят мекарданд, ки қариб сеяки бозори фурӯши маводи сӯзишвории Тоҷикистон тариқи қочоқи ин маҳсулот таъмин мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.