Қочоқи маводи сӯзишворӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон идома дорад?

Сокинони як деҳаи Қирғизистон, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад аст, корвони мошинҳои боркаши сӯзишвориро дар видео наворбардорӣ намуда, тахмин кардаанд, ки ин қочоқи маводи сӯзишворӣ аст. Хадамоти марзбонии Қирғизистон ин навори видеоро шарҳ додааст. “Хабар ва навори видеои рӯзи 14 декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда дар бораи он, ки гӯё мошинҳои боркаш аз Қирғизистон ба Тоҷикистонро […]

Сокинони як деҳаи Қирғизистон, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад аст, корвони мошинҳои боркаши сӯзишвориро дар видео наворбардорӣ намуда, тахмин кардаанд, ки ин қочоқи маводи сӯзишворӣ аст. Хадамоти марзбонии Қирғизистон ин навори видеоро шарҳ додааст.

“Хабар ва навори видеои рӯзи 14 декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда дар бораи он, ки гӯё мошинҳои боркаш аз Қирғизистон ба Тоҷикистонро тариқи қочоқ маводи сӯхт интиқол медиҳанд, асоси воқеӣ надоранд”, – хабар додааст Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.

Бино ба маълумоти Хадамоти марзбонӣ, мошинҳои боркаши маводи сӯхт ба анбори нафти Қирғизистон тавассути роҳи кӯтоҳтар омадаанд.

“13 декабр 7 мошии боркаши маводи сӯхти ҶСК «Кыргызнефтегаз» ба деҳаи Аркаи ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд омаданд. Бо мақсади кам шудани вақти интиқоли мавод аз деҳаи Арка ба филиали ҶСК "Кыргызнефтегаз" дар Қучқор-Ота,  онҳо бо роҳи Ботканд-деҳаи Самарқандек-маҳаллаи аҳолинишини Маргун ба анбори нафт раҳсипор шуданд”, – изҳор мекунад Хадамоти сарҳадбонии КДАМ Қирғизистон.

Ёдрас мекунем, ки пас аз муноқишаи мусаллаҳона дар минтақаҳои наздисарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон, кишвари ҳамсоя якҷониба сарҳадҳояшро баст.

Соли равон нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба таври назаррас боло рафт. Ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ ба ҷумҳурӣ изҳор намуданд, ки ба болоравии нарх баста шудани сарҳад бо Қирғизистон боис гардид, ки аз он ҷо ҳаҷми зиёди маводи сӯзишворӣ тариқи қочоқ интиқол дода мешуд.

Ширкатҳои таҳвилгаре, ки маводи сӯзишвориро қонунӣ аз Русия ва Қазоқистон ба Тоҷикистон ворид мекунанд, ҳанӯз моҳи март шикоят мекарданд, ки қариб сеяки бозори фурӯши маводи сӯзишвории Тоҷикистон тариқи қочоқи ин маҳсулот таъмин мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.