Назди бозори “Корвон” таваққуфгоҳи 6-ошёнаи мошинҳо боз шуд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар кӯчаи Шамсӣ 10-и пойтахт таваққуфгоҳи наву замонавӣ ва муосири ҶДММ-и «Бозори Корвон» ифтитоҳ карда шуд.

Тавре ки дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, таваққуфгоҳ дар масоҳати бештар аз 14 ҳазор метри мураббаъ сохта шуда, дар як вақт зиёда аз 448 адад воситаҳои нақлиёт метавонанд дар он ба таваққуф гузошта шаванд.

“Таваққуфгоҳ дар асоси талаботи муосири шаҳрсозӣ дар муддати 1 сол бунёд гардида, аз 6 ошёна ва таҳхона иборат мебошад”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар ошёнаи болоии бинои таваққуфгоҳ маркази назорати мушоҳидавӣ ҷойгир карда шуда, дар ин марказ бо истифода аз 12 монитор ва 171 камераҳои мушоҳидавӣ масъулин тартиботи бозорро назорат менамоянд.

Ба иттилои манбаъ, тамоми таҷҳизоти техникии насбгардида насли нави ширкати маъруфи Хиквижн (Hikvision) буда, атрофи бозорро дар масоҳати бештар аз 2 ҳазор метри мураббаъ назорат менамояд.

Дар ин марказ ҳамчунин системаи огоҳикунандаи зиддисӯхторӣ насб карда шудааст ва дар ҳолати бонги хатар аз ин ҷо муайян карда мешавад, ки ҳодиса дар кадом даромадгоҳ ва ё кадом қатори бозор рух додааст.

Сохтмону навсозии ҳудуди бозор идома дорад

Дар ҳамин ҳол, сохтмони ҳудуди бозори “Корвон” дар асоси талаботи шаҳрдорӣ ва меъморӣ идома дошта, қисмате аз иншооти бозор, аз ҷумла даромадгоҳҳои 10, 11, 12, 13, 14 ва 15 мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ин қисмати бозор дар масоҳати бештар аз 33 ҳазору 135 метри мураббаъ бунёд карда шуда, аз 2 ошёна ва таҳхона иборат аст.

Дар ин қисмат низ 24 монитор бо 366 адад камераҳои мушоҳидавӣ пайваст карда шуда, аз ҷониби масуълин ҳудуди бозор зери назорати шабонарӯзӣ қарор дорад.

Корҳои сохтмону навсозии бозор дар ин қисмат  моҳи апрели соли 2020 оғоз гардида, бо сатҳу сифати баланд анҷом ва мавриди истифодаи сокинон қарор гирифт. Ҳамзамон бо ин биноҳои хизматрасонии даромадгоҳҳои 1 ва 24-и бозор низ аллакай сохта шуда, дар қисмати даромадгоҳҳои 8 ва 9 корҳои сохтмонӣ идома дорад.

Зикр мешавад, ки маркази савдои ҶДММ «Бозори Корвон» дар масоҳати бештар аз 107 ҳазор метри мураббаъ таъмиру навсозӣ гардида, пас аз анҷоми корҳои пурраи сохтмонӣ зиёда аз 6 ҳазор нафар соҳибкорон ва соҳибмулкон бо шароити муосир ва замонавии тиҷорат таъмин карда мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, TelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...