Маош дар Тоҷикистон то 25% зиёд мешавад

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имрӯзааш ба Маҷлиси Олӣ эълон кард, ки сар аз якуми январи соли 2022 маоши хидматчиёни ҳарбӣ 25% боло бурда мешавад. Ҳамчунин раисҷумҳур гуфт, ки маоши кормандони дигари мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ 20 дар сад боло бурда мешавад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳамчунин аз боло бурдани маоши кормандони дигари бахши буҷавӣ ва стипендияҳои донишҷӯёну муҳаққиқон хабар дод, ки аз якуми июли соли 2022 то 20% зиёд мешавад. 

Аз якуми июл андозаи нафақаи ятимони кул ва нимятим 25% зиёда карда мешавад. 

Эмомалӣ Раҳмон  гуфт, ки соли 2022 аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион ва соли 2026 ба 11 миллион мерасад, ки бояд барномаву стратегияҳои давлат бар асоси афзоиши шумораи аҳолӣ таҳия шаванд.

Раисҷумҳур дастур дод, ки то охири соли 2022 дар кишвар Сатргеияи иқтисоди давлат таҳия ва пазируфта шавад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...